Суҳбати видеоконфронсии Шерхон Салимзода бо Ҷереми Милсом

11 июни соли 2020  Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерхон Салимзода  бо роҳбари Ҳамоҳангсози аршади Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он Ҷереми Милсом, ки дар Ҷумҳурии Покистон ҳузур доштанд, суҳбати видеоконфронсӣ анҷом доданд.

Матлаби мулоқоти мазкур ин тамдиди Барномаи минтақави барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он буда, бо ин мақсад аз ҷониби Ҷереми Милсом Презентатсия оид ба корҳои анҷомдода дар доираи Барномаи мазкур барои  марҳилаи II ва такмили он дар марҳилаи III пешниҳод гардида, маълумоти муфассал дода шуд.

Вобаста ба корҳои анҷомдодашудаи Барномаи мазкур, ҳамкории Агентӣ бо ин Барнома, раванду тамоилҳои  ҷойдошта дар минтақа, нақшаю чорабиниҳои ояндаи фаъолият ва ҳамкори минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он  Директори Агентӣ Шерхон Салимзода изҳори андеша намуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳо оид ба тамдиди марҳилаи Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои солҳои 2021-2025 ва дар доираи ин барнома масъалаҳои таъсис додани  Маркази байналмилалии такмили ихтисос дар самти назорати маводи нашъовар, баргузории Конфронси сатҳи баланд бо иштироки давлатҳои минтақа оид ба маводи нашъовар дар солҳои 2021-2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили курсҳои омӯзиши ва тренингҳо тариқи бархат (онлайн) бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои минтақа,  мусоидати Барнома дар ҷоннок намудани ҳамкорӣ дар доираи ташабуси Квинтет, расонидани кӯмаки молиявӣ барои сохтмони биноҳои шуъбаҳои Агентӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз ҷониби Ҷереми Милсом пешниҳоди баргузории Кумитаи роҳбарикунандаи  Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи онро дар соли 2021 бо иштироки ҳашт кишвари аъзо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни суҳбати видеоконфронсӣ тарафҳо минатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти назорати маводи нашъаовар боз ҳам мустаҳкам хоҳанд намуд.