Дар асоси Дастуру тавсияҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентӣ тадбирҳои иловагии зерин таҳия гардиданд ва ба кормандон зарур аст, ки онҳоро риоя намоянд:

Тадбирҳои иловагӣ оиди пешгирӣ аз сироятёбии бемории коронавирус барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Пеш аз ҳама  кормандони Агентиро мебояд, ки ба маълумотҳои бардуруғу беасос бовар накарда ва ҷиҳати пешгирии ин беморӣ худ ва наздиконашонро дар ҳарос нагузоранд, тадбирҳо ва тавсияҳои иловагии зеринро истифода намоянд. Аз ҷумла:

  1. Тозагии (гигиенаи) шахсӣ;
  • Саҳар баъд аз хоб хестан дасту руйро бо собун шӯстан;
  • Пеш аз хоб рӯй ва дастонро бо собун шӯстан;
  • Шӯстани дастон;

а)   Пеш аз хурок;

б)   Баъд аз хурок;

в)   Баъди салом;

г)   Баъди қазои ҳоҷат;

д)   Дар як рӯз камаш 5-6 маротиба;

  • Баъди бо ду ва зиёда шахс салом кардан дастонатонро бо оби гарм ва собун шӯед;
  • Дастонатонро баъди ҳар дафъаи ба предметҳои беруна расидан бо собун шӯед;
  • Ҳамаруза то 5-10 маротиба дастонро бо маҳлули спиртӣ тоза намоед;
  • Ҷойи хобро тоза нигоҳ доред, рӯйкашҳои курпа ва рахти хобро ҳар се рӯз иваз намуда, бо хокаи ҷомашӯйи ва каме хлор шӯед, онҳоро дарзмол намоед;
  • Бо хлор фарши ҳуҷраҳо, табаку коса, дастархон ва дигар таҷҳизотҳое, ки ҳангоми хурокхурӣ истифода бурда

     мешаванд шӯед, ҳавлиро низ ба хлор коркард намоед;

  • Таҳпушҳоро бо хокаи ҷомашӯйи ва каме хлор шӯста, дарзмол намоед ва ҳар ду рӯз иваз намоед;
  • Курта ва дигар либосҳои сабукро тез -тез шӯста, дарзмол карда пушед;
  • Кастюму шим ва болопушҳоро пеш аз пушидан дарзмол намоед;
  • Дар як рӯз як маротиба шӯстани тамоми бадан (оббозӣ) ва тоза нигоҳ доштани бадан (нохун, риш, даҳану дандон,    

        муи сар).

  1. Кушиш намоед, ки бо даст салом накунед ва дар ҷойи хизмат саломи низомӣ диҳед, масофаро ҳангоми

        муошират ду метр нигоҳ доред;

  1. Дар хона бо хӯрок пиёз, сир ва қаланфӯр бисёртар истеъмол намоед (но пухта, ё нимпаз);
  2. Дар давоми рӯз як чанд маротиба оби ҷушонидашудаи тасфон (бо лимон ва ё имбир) истеъмол намоед;
  3. Хонаро тез — тез ҳавои тоза диҳед ва чанги онро бо латтаи намноки хлоролуд пок кунед;
  4. Дар хона аз буса кардани фарзандон худдорӣ намоед (хусусан кудакон);
  5. Аёдати занҳои навзод ва дигар беморонро маҳдуд намоед;
  6. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоед, масалан дар нақлиёт, ҷои кор, мактаб, консертҳо, чорабиниҳои варзишӣ, таъзия ва ғайра;
  7. Ҳар рӯз на кам аз 3 бор бинӣ ва гулуро бо намакоб, сода ва маҳлулҳои турш (ним қошуқча намаки ошӣ, ним қошуқча содаи ошӣ, ҷавҳар, 1 стакан оби ширгарм) бо роҳи ғарғара шӯед;
  8. Дар як рӯз ду маротиба дар хона ва ҷойи кор гиёҳи испанди хушккардашударо истифода намоед, дуд кунед;
  9. Хона, утоқи корӣ ва дигар ҷойҳоро бо матои хлоркардашуда тез-тез коркад намоед;
  10. Пиёзро тоза ва калон – калон реза карда, дар хонаи хоб ва дигар хонаҳои истироҳативу хурокхурӣ гузоред;
  11. Дар даромадгоҳи хона ва корхонаҳо партофтани қолинчаи тамизкунанда (дезинфекционные коврики) ташкил намоед;
  12. Дар маҳали зисти худ дар мактабҳо, театр ва дигар муассисаҳои давлатӣ, фарҳангӣ, маориф ва тандурустӣ, ташкилотҳои динӣ қолинчаи тамизкунандаро (дезинфекционный коврики хлордор) тавсия диҳед, ки созанд ва истифодаи онро назорат намоянд;
  13. Дар фермаҳо, корхонаҳо низ қолинчаи тамизкунандаро (дезинфекционный коврики с хлором) сохта истифода намоянд;
  14. Ба кӯча баромдани калонсолон ва кӯдаконро камтар кунед;
  15. Аёдати сарбозон ва маҳбусонро маҳдуд намоед;
  16. Корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, тадбирҳои мазкурро пеш аз ҳама ба самъи аҳли оила, наздикон, хешу табор, ҳамсоягон ва аҳолӣ расонед.

 

Агентии назорати маводи нашъаовари назди

                                                                                               Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон