Ташкили курси махсуси тайёрии хизматӣ-низомӣ барои кормандони ҷавон

Дар доираи Нақшаи ҳамкориҳои муштарак байни Агентӣ ва Дафтари барномавии САҲА дар ш.Душанбе аз санаи 07 то 22 апрели соли ҷорӣ дар бинои Маркази таълимии Агентӣ, курси махсуси тайёрии хизматӣ-низомӣ барои кормандони ҷавони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ ва раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва шуъбаи н.Лахш ташкил карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки чунин курсҳои омӯзишӣ ҳамасола аз ҷониби Агентӣ ду маротиба барои кормандони ҷавон ташкил ва баргузор карда мешаванд.

Дар курси мазкур 25 нафар кормандони ҷавони нав ба кор қабул шуда, фарогир гардида, дар давоми 14 рӯз аз дастурдеҳони таҷрибадор аз ҳисоби кормандони Агентӣ ва САҲА, оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти номатлуб, ки хатари онҳо ба давлату миллат таҳдид мекунад, таълим хоҳанд гирифт.

Барои баргузории курси мазкур ҳамаи шароитҳо, аз ҷумла лавозимоти хониш, хурока, ҷои хоб ва шароити зист омода шудааст. Машғулиятҳо ҳамаруза аз соати 09:00 оғоз ёфта то соати 17:00 баргузор карда мешаванд.