ТАШКИЛИ ЯРМАРКАИ МАҲСУЛОТИ ХУРОКА ДАР АГЕНТӢ

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” бо ташаббуси роҳбарияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои Агентӣ ярмарка ва фуруши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ташкил карда шуд.

Дар ярмарка маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, каду, турб, шалғам, карам, гӯшт ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия аз хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ бо нархи хеле арзон барои кормандони Агентӣ пешкаш карда шуд.

Роҳбарияти Агентӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захира намудани маводи ғизоӣ барои кормандон дар мавсими зимистон, ният дорад ки дар оянда низ чунин иқдомҳоро амалӣ намоянд.

Кормандон ба ташкил кунандагони ин амри хайр изҳори минатдорӣ  намуданд.