ТАШРИФИ САФИРИ ФАВҚУЛЛОДА ВА МУХТОРИ ДАВЛАТИ ФАЛАСТИН БА АГЕНТӢ

Санаи 1 декабри соли ҷорӣ Сафири фавқуллода ва мухтори Давлати Фаластин Луай Исса ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ Директори Агентӣ ҷаноби Сафирро бо вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пурзур намудани назорати муомилоти маводи нашъаовар ва  пешгирии нашъамандӣ роҳандозӣ гардидаанд  иттилоъ дода, инчунин меҳмононро бо мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ шинос намуд.

Ҳамзамон, дар идомаи вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаи тақвияти ҳамкориҳоро байни Агентии назорати маводи нашъаовар ва Сафорати Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои минбаъда баррасӣ намуда, пешниҳодҳои худро манзур карданд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷаноби Сафир таассуроти худро аз вохӯрии мазкур дар дафтари ёддоштҳои Агентӣ қайд намуд.