ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР АГЕНТӢ

Рӯзи 18 ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мушовири давлати адлияи дараҷаи 3  Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло ба вазифаи Директори Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ба ин муносибат дар толори Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ҷамъомад баргузор гардид. Мавсуф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи Директори Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъин гардидани  Воҳидзода Ҳ.С.  ба самъи ҳозирин расонида, ба номбурда барору комёбиҳо таманно намуд.


Воҳидзода Ҳ.С. зимни суханронии худ барои боварӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки минбаъд низ ба халқу Ватан ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқона хизмат намуда, барои бозҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Агентӣ тамоми донишу таҷрибаи худро истифода менамояд.