Ҳамкориҳои судманд дар пешгирии бемории COVID-19

Бо мақсади пешгирӣ аз бемории ҳамагири коронавирус (COVID-19) санаи 26 октябри соли 2020 аз ҷониби Дафтари намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лавозимоти тиббю гигенӣ, аз қабили маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои тиббӣ, собуни моеъ, ҳароратсанҷҳои электронии фосилавӣ, дастпушакҳои яккаратина ва либосҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.

          Бояд қайд намуд, ки Агентӣ аз рӯзҳои аввали пайдоиши бемории коронавирус (COVID-19) ҷиҳати пешгири аз ин беморӣ ҳамкориҳои судмандро бо созмону ташкилотҳои ватанию хориҷии муқими Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

          Дар ин росто дар Агентӣ Ситоди дохилиидоравӣ таъсис дода шудааст, ки аз ҷониби он тадбирҳои саривақтӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ бо ин беморӣ андешида мешавад.  Ҳамзамон дар дохили бинои Агентӣ ва утоқҳои корӣ гигенаи шахсӣ мунтазам риоя гардида, ҳар субҳ кормандон аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.