Наврӯз-иди ниёгони мост

Субҳи имрӯз, 20-уми марти соли ҷори дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба фарорасии иди баҳору Наврӯз ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷаласаи тантанавӣ ҳайати шахсӣ бо либосҳои миллӣ иштирок намуда, бо ифтихор аз ҷашни куҳанбунёди аҷдодии худ аз ҷониби онҳо суруди миллӣ хонда шуд.

 

Чорабинро бо суханони муқаддиммавӣ Директори Агентӣ Шерхон Салимзода оғоз намуда, кормандонро бо фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки бо сайъю кӯшиш ва ташаббуси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалиро касб кардааст.

Ҳамзамон иброз намуданд, ки Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини  маънавиро фароҳам овардааст.

 

Аз ҷониби кормандон оид ба таҷлили ҷашни Наврӯз суханронӣ намуда, қайд карданд, ки далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт мекунад.

Дар воқеъ Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола  дорад.

Боиси шодмонӣ ва ифтихори зиёд аст, ки ҷашни Наврӯз дар кишвари азизи мо сол то сол, хусусан дар даврони истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар фазои хурраму ободтар баргузор мегардад.