Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 63-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир

Аз 2 то 4 марти соли 2020 дар бинои Маркази байналмилалии Вена қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Иҷлосияи 63-юми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар баргузор гардид, ки дар кори он вазирон ва роҳбарони мақомоти назорати маводи нашъаовари давлатҳои аъзои СММ иштирок намуданд.

Дар иҷлосияи мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ширкат варзиданд.

 

Дар нимаи дуюми рузи аввали ҷаласа аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маъруза роҳбари ҳайати Тоҷикистон Шерхон Салимзода вобаста ба вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019, пешравиҳо ва проблемаҳои кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ баромад намуд.

Инчунин ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои канории Созмони ҳамкории Шанхай ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Санаи 3 марти соли ҷорӣ дар доираи ин чорабиниҳо  вохӯриҳои дуҷонибаи Директори Агентӣ бо роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Федератсияи Россия, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид.

Ҳамчунин санаи 4-уми марти соли 2020 Директори Агентӣ бо Директори тозатаъини иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ хонум Ғода Фатҳа Валӣ мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот Шерхон Салимзода оид ба сиёсати зиддримухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалятноки он, дастовардҳои кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он ба хонум Ғода Фатҳа Валӣ маълумот доданд.