Баррасии “Шарҳ-2019” дар Вена

Рӯзи 4-уми марти соли 2020 дар бинои Маркази байналмилалии Вена қароргоҳи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар доираи Иҷлосияи 63-юми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии канорӣ доир карда шуд, ки дар он Маҷалаи Шарҳи вазъи назорати маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019, ки ҳамасола аз ҷониби Агентӣ таҳия ва нашр мегардад, муаррифӣ карда шуд.

Дар ин чорабинии мазкур роҳбарон ва ҳайатҳои мақомоти  дахлдори кишварҳои аъзои СММ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳайати зиёда аз 70 намоянда ширкат варзиданд.

Диққати иштирокдорон ба мавзӯъҳои тамоюлҳои асосии вазъи мухаддиротӣ дар кишвар ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ, мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор, мустаҳкам намудани Сарҳади давлатӣ, гузаронидани амалиётҳои муштараки зиддимухаддиротӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, амалисозии барномаҳо ва татбиқи лоиҳаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.

Дар кори чорабинии мазкур намояндаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашитта Миттал иштирок ва баромад намуда, масъалаи таҳияи барномаҳо ва лоиҳаҳои зиддимухаддиротии СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткориро дар Тоҷикистон ва татбиқи онро хуб арзёбӣ намуд.

Дар хотима иштирокчиён бо саволҳо муроҷиат намуда, ҷавобҳои мушаххас дастрас намуданд.