Маърӯзаи Директорӣ дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2019

                     Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!

                  Ҳозирини гиромӣ!

 Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар соли 2020 ва умуман дар оянда ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани дастуру супоришҳое, ки аз  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, мебошад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар баробари дигар масъалаҳо ва вазифаҳо дар самти назорати маводи нашъаовар таъкид шуд, ки:

“Ҳарчанд, ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда солҳои охир қочоқи маводи мухаддир ба кишвар то андозае коҳиш ёфтааст, афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон зарари бештар дорад, ба назар мерасад.

Аз ин рӯ, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати маводи нашъаовар, вазорати корҳои дохилӣ, адлия, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумрук вазифадор карда мешаванд, ки доир ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ, инчунин, дар таҳрири нав омода кардани қонуни зикршуда чораҷӯӣ намуда, корро ҷиҳати пешгирии воридоти маводи нашъаовари сунъӣ боз ҳам тақвият бахшанд.”

Аз ин ҳидоятҳои Сарвари давлат барои мо кормандони Агентӣ вазифаҳои зерин бармеоянд:

  1. Боз ҳам дар роҳи қочоқ ва воридоти маводи нашъаовари истеҳсоли афғонӣ садди устувор гузошта, тавассути андешидани тадбирҳои воқеъӣ тақвият бахшидан ба коҳиши воридоти маводи нашъадор ба ҳудуди Тоҷикистон;
  2. Ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо воридоти моддаҳои нави синтетикии психотропии нашъадор тарзу усулҳои муосир, илмӣ ва техникии навро ҳарчи васеътар истифода намуда, ба воридоти он ба дохили ҷумҳурӣ ва паҳн гардидани он дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон роҳ надиҳем;
  3. Лоиҳаи Қонунҳои навро бо дарназардоштани воқеъияти имрузаи вазъи назорати маводи нашъаовар, намудҳои алоҳидаи он, аз ҷумла моддаҳои нави нашъаовари сунъӣ, моддаҳои назоратшавандаи доруворӣ ва дигар проблемаҳои дар ин самт ҷойдошта таҳия ва ба баррасии субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод намоем.

Ҳамин тавр Агентӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои  Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, талаботи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ оиди мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа дар соли 2019 тадбирҳои зарурӣ андешида, барои татбиқи онҳо корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар давраи мазкур аз ҷониби Агентӣ 131 (с.2018-186) ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 90 ҷиноят оиди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш (моддаи 200 КҶ ҶТ), 18 ҷиноят оиди муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ (моддаи 201 КҶ ҶТ), 7 ҷиноят оиди қочоқи маводи нашъадор (моддаи 289 КҶ ҶТ) буда, 4 ҷиноят оиди гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ (моддаи 200 қ 4, бандҳои “г” ва “д” КҶ ҶТ) ва 16 ҷинояти боқимондаро дигар намуди ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ташкил медиҳанд. Назар ба соли 2018 ҷиноятҳо 55 адад, ё 30 фоиз кам муайян ва ошкор карда шуданд.

Бо фикри айбдоркунӣ 113 (с.2018-122) парвандаи ҷиноятӣ нисбати 170 (с.2018-184) нафар, аз ҷумла оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор бо мақсади фурӯш бо моддаи 200 КҶ ҶТ 90 парванда нисбати 144 нафар (с.2018-89/142) ва оиди муносибати ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор бо моддаи 201 КҶ ҶТ 19 парванда нисбати 22 нафар (с.2018-29/32) ва 2 парванда нисбати  5  нафар оиди ГМҶ  ба судҳо ирсол гардиданд.

Дар ин давра 356 (с.2018-343) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2018 13 ҳодиса ё 3,8 фоиз зиёд мебошад. Дар робита ба ин, 405 (с.2018-379) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз онҳо ба фоидаи давлат ба маблағи 341 ҳазору 510 (с.2018-274 ҳазору 990) сомонӣ ҷарима ситонида шуд, ки 26 нафар ва 67 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ 487 кирдорҳои ғайриқонунӣ оид ба муомилоти маводи нашъаовар дар намуди ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ муайян ва ошкор карда шуда, шахсони онҳоро содирнамуда тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Аз муомилоти ғайриқонунӣ 291 кг 423 гр (с.2018-716 кг 141 гр)  маводи нашъаовар, аз ҷумла 66,6 кг героин, 76 кг афюн, 138 кг 122 гр ҳашиш ва 3 кг 799 гр бангдона мусодира гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2018 424 кг 718 гр ё 2,4 маротиба кам мебошад. Дар ин давра гарчанде мусодираи маводи нашъаовар аз руи миқдор кам шуда бошад ҳам, сифатан дар ин самт беҳбудӣ ба мушоҳида мерасад. Мисол, кормандони Агентӣ маводи нашъадори навъи “героин”-ро, ки ба ҷамъият зиёни бештар дорад 6 маротиба зиёд мусодира намуданд. Ғайр аз ин, 5486 (с.2018-134) адад ҳаббҳои психотропии синтетикӣ ва 57 кг 665 гр (с.2018-16 кг 248 гр) прекурсорҳо мусодира намуданд, ки дар қиёс ба соли 2018 ҳаббҳо 5322 адад ё 50 маротиба ва прекурсорҳо 41 кг 417 гр ё 3,5 маротиба зиёд мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ Агентӣ фаъолияти 52 (с.2018-65) гурӯҳи ҷиноятиро дар ҳайати 104 нафар, инчунин фаъолияти 4 гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро ошкор ва қатъ гардонид.

Дар соли 2019 Агентӣ 18 ҳолати муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ба миқдори махсусан калон, дар ҳар як ҳолати алоҳида аз 1 то 73 кг маводро дарёфт ва мусодира намудааст, ки ин ҳолатро танҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша содир карда метавонанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати муайян ва дастгир намудани шахсоне, ки дар кофтукови ҷиноятӣ қарор доштанд, кормандони Агентӣ чораҳо андешида, 11 нафари онҳоро дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашиданд.

Дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Россия 2 амалиёти муштарак гузаронида шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 кг 387 гр маводи нашъаовари навъи “героин” ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1 амалиёти муштарак гузаронида шуда, дар натиҷа 51,6 кг маводи нашъаовари навъи “героин” мусодира карда шудааст.

Дар давоми соли 2019 аз ҷониби кормандони Агентӣ 110 (соли 2018-75) ҳолати чаканафурушии маводи нашъаовар ошкор ва 128 (соли 2018-75) нафар саркарда ва аъзои онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шуда, фаъолияти зиёда аз 100 нуқтаҳои фуруши чакана қатъ карда шуд.

Ҳамин тавр, дар соли 2019 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 637,5 кг (с.2018-3 т 696 кг 295 гр) маводи нашъаовар, мусодира шудааст, ки назар ба соли гузашта 2 т 059 кг ё 2,2 маротиба кам мебошад. Аз ҷумла: аз ҷониби АНМН-291,4 кг (с.2018-716 кг 141 гр), ВКД-518,4 кг (с.2018-1 т 460 кг 242 гр), КДАМ-826,2 кг (с.2018-1 т 448 кг 375 гр), АНДМ ва МК-031 гр (с.2018-43 кг 340 гр) ва ХГ-1,3 кг (с.2018-28 кг 197 гр) мавод мусодира гардидааст.

Ҳамчунин дар ин давра 7555 (с. 2018 15880) ҳаббҳои моддаҳои нави психотропии нашъадор ва 57,6 кг прекурсорҳо мусодира гардидааст, ки мутаносибан 8475 адад (53,4 фоиз) ва 226 кг (80 фоиз) кам мебошад. Ба истиснои Агентӣ дигар мақомотҳо ин маводҳоро кам ошкор ва мусодира намуданд.

Аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 582 ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти маводи нашъаовар ошкор шудааст, ки нисбати соли 2018 230 ҷиноят кам мебошад.

Сабабҳои кам мусодира гардидани маводи нашъадори афғонӣ ва ҳам ошкор намудани ҷиноятҳо дар ин самт дар чист?

  1. Бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам ва пурзур гардидани муҳофизати сарҳади давлатӣ;
  2. Даст кашидани мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз амалиётҳои харидории озмоишӣ ва таҳвили назоратшаванда дар хатти сарҳади давлатӣ;
  3. Пурзур гардидани назорат дар дохили кишвар ва ҷонноку самарабахш гардидани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуии мақомоти дахлдор дар ин самт;
  4. Дар давоми 3 соли охир 28 гуруҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ошкор ва фаъолияти онҳо қатъ карда шуд, 67 роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ин гуруҳҳо дар Тоҷикистон ва боз 33 нафари онҳо дар Россия ва дигар кишварҳои хориҷӣ дастгир ва ҳабс карда шуданд. Боз 7 нафар саркардагон ва аъзоёни ин ГМҶ дар кофтуков қарор доранд ва имконияти озодона машғул шудан ба қочоқи маводи нашъаоварро надоранд.
  5. Ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ ва гузаронидани амалиёҳои муштарак бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои хориҷӣ беҳтар ва самараноктар гардидааст. Мисол, амалиётиҳо бо ВКД ФР ва Афғонистон.

Татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар маҷмӯъ чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат мусоидат намуданд.

Дар ин росто, аз рӯи маълумоти  мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, ки дар “Масири Шимол” қарор доранд, то 5-6 маротиба коҳиши назарраси ҳаҷми воридот ва қочоқ, содирот ва мусодираи маводи мухаддири афғонӣ дар муқоиса бо солҳои пешин ба мушоҳида мерасад.

Ба ин ҳолат далелҳои зерин шаҳодат медиҳанд:

– интиқоли 10 фоиз (ё аз рӯи маълумоти СММ 20 фоиз) маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон тавассути “Масири Шимол” ва боқимонда 90 (80 фоиз) фоиз аз дигар масирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорат дар ин самт дар ҷумҳурӣ ва умуман дар Масири Шимол бамаротиб пурзӯр карда шудааст;

– аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегарданд, дар хати сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира мегарданд. Соли 2019 дар Тоҷикистон дар маҷмуъ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 637 кг маводи мухаддир мусодира гардид, ки аз онҳо 781 кг ё 48 фоиз дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира гардидаанд. Мо ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштаем;

– чораҳое, ки дар ВМКБ аз нимаи дуюми соли 2018 оид ба таҳкими Сарҳади давлатӣ ва мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир андешида шуданд, ба коҳиши интиқоли маводи мухаддир ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва минтақаи Кулоб мусоидат намуданд. Ба ин, он ҳолат шаҳодат медиҳад, ки ба ашхоси истеъмолкунандаи маводи мухаддир пайдо кардани он дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва минтақаи Кулоб мушкил гардида, нархи ҳашиш дар ин минтақаҳо вақтҳои охир хело боло рафтааст.

Дар маҷмуъ чораҳои андешидашуда ба коҳишёбии воридоти маводи мухаддир ба ҷумҳурӣ мусоидат намуданд, ки ба ин ҳолат инчунин се баробар афзоиш ёфтани нархи онҳо шаҳодат медиҳад. Чунончӣ, агар як килограмм афюн қаблан дар хати сарҳад 250-300 доллар ва дар шаҳри Душанбе 500 доллар арзиш дошт, ҳоло бошад он мутаносибан 800-1000 ва 1500 доларро ташкил медиҳад;

– дар се соли охир  (2017 – 2019) дар давлатҳои хориҷӣ ягон ҳолати қочоқи маводи мухаддир тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ошкор нашудааст, ба истиснои як ҳолат дар Қазоқистон (аз автомашина 12 кг героин). Солҳои пешин, яъне 5-6 сол қабл ҳамасола дар ҳудуди Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо 10-15 чунин ҳолатҳо ба миқдори махсусан калон (аз 100 кг то тоннаҳо)  ошкор мешуданд;

– дастгиршавии шаҳрвандони мо дар хориҷа соли 2017 ба 33 фоиз ва соли 2018 ба 10 фоиз, аз ҷумла дар Федерасияи Россия мутаносибан ба 31 ва 11 фоиз коҳиш ёфт. Ин раванд дар соли 2019 низ идома ёфта, аз руи маълумотҳои пешакӣ коҳишёбӣ 23 фоизро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар Федератсияи Россия 24 фоиз;

– ҳамин тавр дар 5 соли охир дастгиршавии шаҳрвандони мо дар хориҷа 2,5 маротиба ва ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар 6,3 маротиба (1299/205 кг) кам шудааст;

– ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 500 то 1000 ҷиноятҳои мухаддиротиро муайян ва ошкор менамоянд. Танҳо дар соли 2019 582 ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд (соли 2018-812 ҷиноят);

– дар Тоҷикистон мақомоти салоҳиятдор ҳамасола аз муомилоти ғайриқонунӣ аз 2 то 5 тонна маводи мухаддирро мусодира менамоянд. Танҳо дар ду соли охир (2017-2018)  аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 8 тонна маводи мухаддир мусодира гардидааст. Солҳои охир коҳиш ёфтани мусодираи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад, мисол ҳаҷми мусодираи он дар соли 2018 29 фоиз ва соли 2019 2,2 маротиба кам гардидааст. (соли 2019-1 т 637,5 кг);

– дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи маводи мухаддири афғонӣ, аз ҳаҷми умумие, ки дар ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия мусодира гардидааст, зиёдтар мебошад;

– солҳои охир дар Тоҷикистон коҳишёбии сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ ба мушоҳида расида, шумораи нашъамандон аз 8645 нафар дар соли 2008 то 5375 нафар ба ҳолати 1 январи соли 2020 расидааст, ки он ба 3270 нафар ё 37,8 фоиз ва дар муқоиса бо соли гузашта бошад ба 684 нафар ё 11,3 фоиз коҳиш ёфтааст;

– дар давоми солҳои 2017-2019 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 32 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллиро ошкор ва фаъолияташонро қатъ намуданд;

– аз сабаби он, ки мубориза дар кишварҳои Масири Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тақвият дода шуд, чанд соли охир мусодираи маводи мухаддири истеҳсоли афғонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия қариб 6 маротиба коҳиш ёфтааст;

– ҳар сол (4 соли охир) дар Тоҷикистон 10-15 ҳазор таблеткаҳои моддаҳои нави синтетикии психотропии нашъадор мусодира мегарданд.

Дар соли 2018 15 880 ва соли 2019 7555 адад чунин ҳаббҳо мусодира шудаанд. Асосан ҳаббҳои МДМА 21135 дона, алпразолам 1330 дона, фенобарбитал, амфетамин ва дигар намудҳо мусодира мегарданд. Бори аввал дар Тоҷикистон моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор соли 2006 дар намуди 1 (як) адад ҳабб мусодира шуда буд. Баъдан низ чунин ҳаббҳо мусодира мешуданд, вале онҳо характери якдафъаинаро доштанд. Дар панҷ соли охир бошад, ошкор ва мусодираи моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор характери системавӣ ва доимӣ пайдо намудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

 

Ҳозирини муҳтарам,

 

 

Дар доираи баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ як қатор таклифҳо, аз ҷумла таъсиси Маркази зидди маводи нашъаовари СҲШ дар шаҳри Душанбе, аз ҷониби Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ таъсис додани гурӯҳи кории махсус барои муайян кардани миқдори воқеии маводи нашъаовари тариқи Масири Шимолӣ қочоқшаванда, инчунин муайян кардани кишварҳои истеҳсолкунандаи моддаҳои психотропии нашъадори синтетикӣ пешниҳод гардида, ҷиҳати пайгирӣ ва амалӣ гардидани онҳо чораҳои мушаххас андешида шуданд.

17 апрели соли гузашта Созишнома байни Агентӣ ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат ба Агентӣ ба имзо расонида, амалӣ шуда истодааст. Пеш аз ин ду маротиба аз соли 2012 то 2017 чунин Созишномащо баста шуда буданд. Ҳамкориҳои мо бо Сафорати ИМА оиди ҳамкорӣ ва мусоидат бо Агентӣ таи даҳсолаи охир идома дорад.

Бо ташаббуси Агентӣ дар соли 2019 лоиҳаи Созишномаҳои ҳамкорӣ миёни Ҳукумат ва мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҳукумат ва мақомоти салоҳиятдори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Италия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон таҳия гардида, дар баррасии ҷонибҳо қарор доранд.

 

Ба Шумо барори кор ва саломатӣ хоҳонам.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.