Ташрифи Такаюки Мияшита ба Агентӣ

Санаи 3 феврали соли 2020 мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита дар Агентӣ баргузор гардид.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода дар оғози вохӯрӣ ба Такаюки Мияшита оид ба вазъи нашъамандӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар, оиди таъсиси Гурӯҳҳои сайёри оперативии байниидоравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар ҳамкорӣ бо Агентӣ ва ҷалби маблағгузории Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати сохтмони майдони варзишӣ дар ноҳияи Темурмалик ва маркази таълимии Агентӣ иттилло дода оид ба дигар масъалаҳои марбут бо маводи нашъаовар ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати тақвияти он аз ҷониби тарафҳо пешниҳодҳои ҷолиб манзур карда шуданд.