Боздиди намояндагони САҲА аз Агентӣ

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо ҳайати намояндагон ва роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе Флориан Разесбергер баргузор гардид.

Ҳайати намояндагонро Директори Агентӣ Шерхон Салимзода пазироӣнамуда, оид ба Вазъи назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар, тамоюлу равандҳо дар ин маврид, нигаронӣ аз воридот ва паҳншавии моддаҳои нави синтетикии нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ маълумот пешниҳод намуд.

Ҳамчунин ҷонибҳо лоиҳаи “Нақшаи чорабиниҳои муштараки Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ба имзо расониданд.

Нақшаи мазкур аз омӯзиш ва тайёр намудани тренерҳои касбӣ аз ҳисоби кормандони ҷавони Агентӣ дар самти муборизаи қочоқи маводи мухаддир, баргузории чорабиниҳои зиддинашъамандӣ барои паст кардани сатҳи нашъамандӣ ва вобастагӣ тавасути муносибати пурарзиш, таваҷҷуҳ ба шароит ва гуруҳҳои осебпазир ва дигар барномаҳои оммавӣ иборат мебошад. Ҷонибҳо амалишавии Нақшаи мазкурро бо манфиати ҷомеа шуморида иброз доштанд, ки татбиқи он ҳарчи зудтар ба роҳ монда шавад.