Зан-чароғи хонадон

Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир ва ибтикороти созандаашонро доим дастгирӣ карда, барои амалӣ шудани онҳо ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Бо ин мақсад 6 марти соли 2009 баҳри бузургдошти зан – модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо ва пойдории оила, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонро оид ба эълон намудани рузи 8- март ҳамчун Рӯзи модар ба имзо расониданд.

Ба ифтихори ин ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш, яъне Рӯзи модар дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.

Дар оғози ҷаласа роҳбарияти Агентӣ баромад намуда, бонувони Агентиро бахшида ба ҷашни фархундаи Рӯзи модарон, ки ба оғози фасли зебои баҳор ва ба арафаи соли нави аҷдодӣ рост меояд табрик намуданд.

Қайд карда шуд, ки Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, кӯшиш менамояд, ки фарзанди худро бузургворона ба камол расонад, соҳиби одобу маърифат, илму дониш ва касбу ҳунар намояд.

Ҷаҳони муосир беш аз ҳар давраи дигар ҳассосу мураккаб гардидааст   ва ҳаргуна зуҳуроти номатлубу ташвишовар метавонад ба солимии ҷомеа хатар эҷод намояд. Ин гуна равандҳои хатарнок масъулияти модарону бонувонро боз ҳам зиёдтар карда, аз онҳо зиракӣ, ҳушёрӣ, назорати доимии фарзандон ва ба тарбияи онҳо ҷиддӣ машғул шуданро тақозо менамояд.

Бахусус, модарони азиз метавонанд ва вазифадоранд, ки бо насиҳат ва эҳсоси муҳаббати модаронаи худ наврасону ҷавононро аз дастзадан ба ҳар гуна амалҳои хатарнок эмин доранд, ба онҳо сабақи дурусти ҳаётӣ диҳанд.

Ҳамзамон аз ҷониби кормандони ҷавон дар мавзӯъҳои “Модар- Ватан”,  “Зан – Модар таровату ҳусни нотакрори зиндагӣ”, “Зан чароғи хонадон” баромадҳо омода ва ироа гардиданд.

Дар хотимаи ҷаласа аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҳамаи бонувони Агентӣ туҳфаҳои қимматнок ва хотиравӣ тақдим карда шуд. .