Ба истифодадиҳии агрегатҳои Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” дар шаҳри Левакант

22.09.2020, шаҳри Левакант

 

22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант ба Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ташриф оварда, ду агрегати ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакатро ба кор дароварданд.

Аз ҷониби Пешвои миллат агрегатҳои рақами 2-и неругоҳ бо тавоноии 39 МВт ва агрегати рақами 6 бо тавоноии 49 МВт мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон таҷдиди агрегати рақами 3 оғоз гардидааст. Бояд гуфт, ки иқтидори лоиҳавии Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” 240 МВт-ро ташкил дода, он 5-умин нерӯгоҳи аз лиҳози иқтидор калон ба ҳисоб меравад.

Солҳои 2010-2012 агрегати 4-уми нерӯгоҳ бо тавоноии 45 МВт пурра таҷдиду азнавсозӣ гардид.

Сохтмони нерӯгоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодабарии тӯлонӣ, қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии нерӯгоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд. Ҳамчунин, бо сабаби аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об, солҳои 1993 ва1994 агрегати 2-юм қисман зери об монда буд. Агрегатҳои нерӯгоҳ куҳна буда, қисмҳои эҳтиётии онҳо аз истеҳсолот баромада буданд.

Мавриди зикр аст, ки бо сабаби куҳна ва қисман корношоям гардидани таҷҳизот, нерӯгоҳ бо иқтидори фоиданокии умумии 165 МВт фаъолият менамуд. Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида ва аҳамияти стратегӣ доштани нерӯгоҳи мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пурра барқарор намудани ин иншоот соли 2011 бо Бонки Рушди Осиё созишномаи грантиро ба маблағи 136 миллион доллари ИМА ба имзо расонид.

Мақсади асосии лоиҳа баланд бардоштани иқтидори нерӯгоҳ, таъмини кори мунтазам ва самаранокии он, мувофиқ намудани фаъолияти нерӯгоҳ ба стандартҳои муосири техникӣ ва зиёд намудани муҳлати истифодабарии он ба шумор меравад. Мувофиқи Созишномаи грантӣ, лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, дар доираи қисмати якуми он пурра иваз намудани 5 агрегат, иваз намудани 2 адад автотрансформатори 250 МегаВолтАмпер, бинои нави идоракунӣ ва дигар корҳои ба он алоқаманд ва дар қисмати дуюми лоиҳа бошад, таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 киловолта дар нерӯгоҳ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба инкишофи бахши гидроэнергетика, таъкид доштанд, ки НБО Сарбанд иншооти муҳиму стратегии мамлакат маҳсуб меёбад ва зимнан тадбири навсозӣ дар дигар иншооти амалкунандаи гидроэнергетикӣ ҷиҳати расидан ба мустақилияти энергетикӣ ҷараёни тоза касб хоҳад кард.

Тазаккур дода шуд, ки дар қисмати якуми лоиҳа барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли неруи барқ ҷараён дорад. Ба ин хотир, вобаста ба иҷрои корҳо дар доираи қисмати аввал дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ корхонаи муштараки “Синохайдро–Хайдрочина»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ғолиби озмун дониста шуда, иваз намудани 5 агрегат, низомҳои таъминоти об, ҳавои фишурда, равған, мониторинг, ҳимоя, алоқа ва 2 адад автотрансформатори 250 МегаВолтАмпер, корҳои таъмирию барқарорсозии кранҳои борбардор, дарвозаҳои обқабулкунанда ва обпарто, корҳои соҳилмустаҳкамкунии соҳили чапи дарё ва канал, сохтмони бинои идоракунии нерӯгоҳ ва ғайра ба нақша гирифта шудааст.

То ин муддат, дар доираи қисмати зикргардида васли агрегати 5-ум, трансформатори генератории 3, сохтмони биноҳои маъмурию маишӣ, барқарорсозии крани 250/30 тоннагии бинои нерӯгоҳ, сохтмони бинои идоракунӣ, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили чапи дарё, сохтмони бинои об ва равғанҷудокунандаи садамавӣ ба анҷом расонида шуда, моҳи ноябри соли 2018 агрегати рақами 5 расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Қабл аз татбиқи лоиҳа, иқтидори лоиҳавии агрегати мазкур 45 МВт-ро ташкил дода, баъди васлу насб гардидани агрегати нав иқтидори лоиҳавии он ба 49 МВт  расонида шуд.

Дар қисми дуюми лоиҳа, ки аз барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 220кВ ва 110 кВ иборат аст, дар натиҷаи баргузории озмуни байналмилалӣ Консорсиуми “Генсер ва ГE”-и Ҷумҳурии Туркия тибқи шартнома бо Ширкати Саҳҳомии Холдингии Кушодаи “Барқи Тоҷик” ба кор ҷалб гардид. Дар доираи қисмати дуюми лоиҳа корҳои барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ ва 110/35/6 кВ бо дарназардошти пурра иваз намудани таҷҳизоти асосию ёрирасони онҳо, аз ҷумла иваз намудани               трансформаторҳои қудратӣ, трансформаторҳои шиддат, трансформаторҳои ҷараён, дастгоҳҳои тақсимкунандаи комплектии 6 кВ, васлакҳои равғанӣ, ҷудокунакҳо, хатҳои интиқоли барқи мавҷуда дар ҳудуди нерӯгоҳ, хати нави интиқоли барқи 220 кВ ва биноҳои идоракунӣ ба нақша гирифта шудааст. Айни замон корҳо дар доираи қисмати мазкур тибқи нақша идома дошта, то ин муддат сохтмони биноҳои идоракунии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110 кВ ба анҷом расонида шудааст. Васлу насби таҷҳизот дар дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/10/35 кВ ба итмом расид.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи лоиҳаи мазкур агрегатҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти барқӣ аз корхонаҳои зерпудратчиҳои ширкатҳои “ҶЕНЕРАЛ ЭЛЕКТРИК”, “ГЕНСЕР” ва “СИНОХАЙДРО” аз ҷумҳуриҳои Олмон, Италия, Ҳиндустон, Хитой ва Қазоқистон ворид карда шудаанд. Ҳамзамон вобаста ба дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ноқили Талко” маҷмӯи ноқилҳои барқӣ харидорӣ ва дар лоиҳа истифода гардид.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бо дарназардошти куҳнаю фарсуда будани таҷҳизотҳои электромеханикӣ ва гидромеханикии нерӯгоҳ, то оғози лоиҳа иқтидори миёнаи он 165 МВт-ро ташкил менамуд. Дар асоси нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд” иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 240 МВт ба 270 МВт бардошта шуда, сатҳи хизматрасонӣ дар нерӯгоҳ ва таҳвилу таъминоти неруи барқ ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.

Яъне баъди пурра анҷом ёфтани корҳои навсозӣ иқтидори ҳар як агрегати неругоҳ 20 МВт афзоиш ёфта, то тобистони соли 2021 бо иловаи қариб 100 МВт иншоот фаъолияти худро идома хоҳад дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои анҷомёфтаи таҷдиду азнавсозӣ дар НБО “Сарбанд” баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор сохтанд, ки дар қисмҳои дигари ин иншооти муҳими стратегии мамлакат тадбирҳои навсозӣ сифатан хуб ва бо риояи меъёрҳои пазируфташудаи ҷаҳонӣ сомон дода шавад.