Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯии ҶДММ “Хоҷа-Муъмин” дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ

 

Ҳар як сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пайваста бо созандагиву бунёдкорӣ ва фаъолсозии иншооти таъиноти гуногун сурат мегирад.

Дар заминаи сиёсати созанда, баъди гузоштани санги асос барои бунёди мактаб, дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон як корхонаи саноатӣ ба кор андохта шуд.

Дар ин рӯз Сарвари давлат, дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Хоҷа-Муъмин”-и ноҳияи Восеъ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ва пахши тугмача корхонаи нави саноатиро дар самти истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ фаъол гардониданд.

Ин корхонаи нави саноатии истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ, дар заминаи фазои мусоиди сармоягузорӣ ва имтиёзҳои давлатӣ бо технологияи навтарини истеҳсоливу идорӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо дарназардошти талаботи муосири замон бо хатҳои пуриқтидори истеҳсолӣ амал мекунад.

Аснои шиносоӣ бо иқтидор ва имконоти кориву истеҳсолӣ Сарвари давлат нахуст ба низоми фаъолият ва сифатнокии тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ мароқ зоҳир намуда, барои ҷорӣ кардани технологияи ҳозиразамони тавлиди маҳсулот маслиҳатҳои муфид доданд.

Корхонаи нав дар заминаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Хоҷа-Муъмин”-и ноҳияи Восеъ аз рӯи тамғаи “София” маҳсулот истеҳсол намуда, дар 3 шакли бандубаст онро ба бозор мебарорад.

Иқтидори истеҳсолӣ дар ин корхона барои тавлиди маҳсулот аз рӯи марҳилаҳои махсус амалӣ гардида, дар ниҳоят бо истифода аз таҷҳизоти муосир маҳсулоти ниҳоии хушсифат ба даст меояд.

Фаъол шудани иқтидори нави саноатӣ дар ноҳияи Восеъ намунаи олии сиёсати созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар асоси имконоти фаррохи фаъолияти соҳибкорӣ, хосса шарикии давлат бо бахши хусусӣ муваффақона амалӣ гардид.

Пешбурди кори истеҳсолӣ дар ин нуқтаи тавлиди маҳсулот баъди азхудкунии нозукиҳои таҷҳизот пурра аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ роҳандозӣ мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, таъминоти ашёи хоми корхона асосан аз хориҷа, махсусан аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия сурат гирифта, дар як соат баъди омезиши ашёи хом то 3 тонна маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад.

Ҳамин тариқ дар ин корхона маҳсулот дар 3 шакл банду баст гардида, сифатнокии он аз рӯи озмоиши стандартӣ баҳои мутобиқатро соҳиб аст.

Бунёди корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯи дар деҳаи Ибрати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ шуруъ аз моҳи октябри соли 2016 тарҳрезӣ гардида, дар зарфи 4 сол сохта шудааст, ки имрӯз бо ҷалби мутахассисони касбӣ пурра бо таҷҳизоти зарурии коркард ва истеҳсолӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бо фаъол шудани ин корхонаи нави истеҳсолӣ, ки бо хати мукаммали коркарду тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ-хокаи ҷомашӯӣ амал хоҳад кард, барои беш аз 90 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардида, сокинони маҳал баъди давраи омӯзиш ва азхудкунии нозукии кор ба шуғл ҷалб шудаанд, ки дар 3 басти корӣ фаъолият менамоянд.

Корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯи бо истифода аз иқтидори буғхонаи бо ангишт амалкунанда фаъолият намуда, дар навбати худ барои сарфаи нерӯи барқ нигаронида шудааст.