Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хӯроквории ҶДММ “Сардор-2008” дар шаҳри Турсунзода

07.09.2020, шаҳри Турсунзода

 

7 сентябр ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сардор-2008” оғози расмӣ бахшиданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат нахуст аз намоиши маҳсулотҳои коргоҳ дидан карда, ба сифат ва намои анвои маҳсулоти омодагардида баҳои баланд доданд.

Қобил ба зикр аст, ки корхонаи мазкур аз соли  2010-ум инҷониб дар бинои иҷора фаъолият мекард ва шумораи кормандонаш 9 нафарро ташкил медод. Акнун бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов, корхона бо бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нав таъмин гардида, ба ин васила шумораи кормандон низ ба 250 нафар расонида шуд.

Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона номгӯйи маҳсулот аз 1 намуди соли 2010 ба 6 намуд ва 30 навъ расонида шуда, ҳаҷми истеҳсоли он низ ба 1 миллион сомонӣ ва ё 1 миллиону 300 ҳазор дона маҳсулоти тайёр баробар гардид.

Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи “Сардор-2008” моҳи январи соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шуд. 

Масоҳати умумии корхона 2 гектарро ташкил дода, бинои он дар 9 ҳазору 220 метри мураббаъ доман густурдааст.

Дар корхона 6 сех, аз ҷумла, сехҳои истеҳсоли картошкаи қоқ, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимақка, сақич, ҳалво, сехи истеҳсоли донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, озмоишгоҳ ва бинои роҳбарият мавҷуд аст. Тамоми таҷҳизоте, ки дар ин ҷо насб гардидааст, аз давлатҳои Туркия, Украина ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст.

Зимни боздид Пешвои миллат ба ташаббускории соҳибкор баҳои баланд дода, ба истифода додани бинои коргоҳи навро дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек маънидод намуданд.

Дар сехи истеҳсоли картошкаи қоқ 25 нафар бонувон ба кор ҷалб гардида, ин маҳсулотро бо 5 намуд истеҳсол мекунанд. Асоси кори бонувон дар ин сех банду басти маҳсулоти тайёр аст. Буришу ҷудокунӣ, хушккунии маҳсулоти хом, гармкунии равған, интиқоли картошкаи бирёншуда, хулоса, ҳамаи раванди кор тариқи автоматӣ иҷро мегардад.  

 Истеҳсоли нони хушк ҳам яке аз самтҳои асосии фаъолияти корхонаи “Сардор-2008” аст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки сехи истеҳсоли нони хушк дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо ба ҳисоб рафта, маҳсулоташ дар бозорҳои хориҷи кишвар низ харидорони худро дорад. Дар ин ҷо низ беш аз 90 фоизи корҳо тариқи дастгоҳҳои нав – автоматӣ иҷро гардида, барои пухтани нон тафдонҳои ҳозиразамон насб гардидааст.

 Сехи коркарди ғулачаҳои ҷуворимакка низ бо дастгоҳҳои навтарин ҷиҳозонида шуда, шумораи кормандон афзоиш ёфт. Дар ин ҷо низ бештар бонувон ҷалб карда шудаанд. Пеш аз ба кор шурӯъ кардан, ин бонувон дар курсҳои омӯзиш иштирок карданд. Зеро дар ин ҷо масъулият баландтар аст ва кормандон дар ду баст фаъолиятро ба роҳ мондаанд.

Бо ба фаъолият пардохтани бинои нави корхона масъулини коргоҳ сехи истеҳсоли навъҳои сақичро низ мукаммал намуда, шумораи кормандонро афзоиш доданд. Дар ин ҷо раванди истеҳсолот дар алоҳидагӣ ба таври худидоракунӣ иҷро гардида, барои таъмини бозори ватанӣ бо сақич, хати нави намуди борпечи коғазӣ ва болиштшакл ворид карда шудааст. Дизайни халтачаҳои ҳар як намуди сақич мутобиқи замон оро дода шуда, сифати он ҳам баланд аст. То имрӯз ин навъи маҳсулоти корхона бозори ин маҳсулотро дар мамлакат аз худ кардааст ва ба хориҷа низ содирот мешавад.

Донаҳои коркардшудаи офтобпараст низ як навъ маҳсулоти корхона буда, ҷараёни кор, аз ҷумла тозакунӣ, гурӯҳбандӣ ва дигар корҳои зарурӣ автоматӣ иҷро мегардад. Дар сехи коркарди донаҳои офтобпараст, ки бо брендҳои “Симба” ва “Ҳавас” маъруф аст, мутахассисони варзида раванди корро назорат менамоянд. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз корхона бо истеҳсоли ин маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ мавқеи хоса пайдо карда, ҳамасола даҳҳо тонна маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки ашёи хом барои истеҳсоли ҳама намуди маҳсулоти ин корхона аз дохили кишвар дастрас гардида, пеш аз  коркард аз озмоишгоҳ гузаронида мешавад. Маҳсулоти тайёр ҳам санҷида шуда, сипас ба бозору нуқтаҳои савдо интиқол дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати корҳои таъмирию навсозӣ ва васлу насби таҷҳизотҳоро қаноатбахш хонда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд истеҳсоли маҳсулот ва зиёд намудани номгӯйи он дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар навбати худ соҳибкор низ аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ин қишри ҷомеа изҳори сипос карда, ваъда дод, ки дар оянда барои рушди соҳаи саноат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ талош менамояд ва дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ҳиссаи босазои худро мегузорад.