Боздид аз боғи интенсивӣ дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш дар ноҳияи Восеъ аз боғи интенсивии Ҷамъияти дорои маҳсулияташ маҳдуди “Хушсифат”-и деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти боғпарварон, сабзишу нашъунамои боғи интенсивӣ, ҷамъоварии себ ва намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон шинос гардиданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки боғи мазкур чанд сол қабл бунёд гардида, дар он дарахтони ба шароиту иқлими ин минтақаи куҳдоман мувофиқ шинонида шуда аст. Имкон аст аз ин боғ ҳосили дилхоҳ ба даст овард.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва боғпарварон дастур доданд, ки дар оянда ҷиҳати ба маротиб зиёд кардани истехсолоту содироти меваи хуштамъ ва меваи хушк майдони боғи мазкурро васеъ намоянд, зеро аз чунин мавзеъҳои куҳдомани мавҷуда истифода намуда, бештар боғҳои интенсивӣ0 бунёд карда, дар ин замина ҷойҳои кории нав таъсис додан имконпазир аст.

Бо дарназардошти хусусияти хуби биологию истеҳсолӣ ва сари вақт анҷом додани корҳои агротехникӣ дар ин мавзеи куҳдоман барои таъмини рушди соҳа ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар майдони 24 гектар боғи интенсивӣ бунёд карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар асоси тавсияи олимону мутахассисони соҳа бунёд карда шуда дар баробари себ зиёда аз 7 намуди дарахтони мевадиҳанда аз қабили олуи сиёҳ, зардолуи мирсанҷалӣ, бодом, хурмо, гелос ва писта парвариш карда мешавад. Дар боғи мазкур дар як гектар зиёда аз ҳазор бех ниҳол парвариш карда мешавад. Бо андешаи мутахассисон чунин боғҳо зуд ба самар омада, дар соли сеюм ё чорум аз ҳар як ниҳоли себ 15-20 килограмм мева истеҳсол карда мешавад.

Бо мақсади зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот ва бо оби полезӣ таъминкардани боғи интенсивӣ бо дарназардошти шароиту имконияти мавҷуда дар ин мавзеъ  пойгоҳҳои барқии обкашӣ фаъол гардонида шудаанд. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки бунёди боғи интенсивӣ ва серҳосилии ниҳолҳои мевадиҳанда ба шароиту иқлими чунин мавзеъҳои куҳдоман мувофиқ мебошад ва нашъунамои дарахтону афзоиши истеҳсоли маҳсулот нисбат ба боғхои пешин зиёд хоҳад гардид.

Бо сабаби сари вақт анҷом додани корҳои агротехники сабзишу ҳосилбандии ниҳолҳо хеле беҳтар гардида, солҳои наздик ҳосилнокӣ ҳар як ниҳоли себ ба 20-25 килограммӣ расонида мешавад. Барои дар асоси технология васеъ кардани майдони боғ дар ин мавзеъ парвариши ниҳоли мевадиҳандаи ситрусӣ гармхона мавҷуд аст.

Дар боғи интенсивӣ дар баробари дарахтони мевадиҳанда ҳамчунин дарахтони ороишӣ низ парвариш ёфта, барои боз ҳам зебою дилкаш гардидани ду шафат ва дохили боғи мазкур гулу буттаҳои зиннатбахш шинонида шудааст. Ҷамъоварию хушк намудани мева дар боғи мазкур идома дорад.

Мутахассисону масъулин мақсад доранд, вобаста ба шароиту иқлими ин мавзеъ анҷоми корҳои агротехникӣ ҳосилнокии ҳар гектарро тақвият бахшида, дар оянда аз майдони 4,5 гектар боғи себ наздик 200 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.