Боздид аз истифодаи самараноки қитъаи замини наздиҳавлигии оилаи Воисовҳо дар шаҳри Панҷакент

12.09.2020, шаҳри Панҷакент

 

12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар деҳаи Бостондеҳи деҳоти Саразм, аз истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлигии бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо диданд намуданд.

Масоҳати замини дар ихтиёрдоштаи бародарон Воисовҳо 1000 метри мураббаъро ташкил дода, 10 садякаш қитъаи зироаткории ин оиларо ташкил медиҳад. Хоҷагидорон бо мақсади истифодаи оқилонаи замин дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, анвои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаламфури булғорӣ, маккаи дон, лӯбиёгӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ кишт намудаанд.

Дар самти боғдорӣ низ дар хоҷагии Воисовҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, 6 навъи дарахтони мевадиҳанда асоси боғи наздиҳавлигии онҳоро ташкил медиҳад.

Қобил ба зикр аст, ки бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо ҳамасола аз ҳамин замини наздиҳавлигӣ 2 ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила, ҳамзамон анвои гуногуни маҳсулотро ба фурӯш низ мебароранд. Исмол ин деҳқонони асил майдони кишти картошкаро 2 баробар зиёд намуда, ҳосили хуб низ ба даст оварданд. Ҳоло баъди гирифтани ҳосили якум бародарон кишти дуюми зироатҳоро ба роҳ монданд, ки нашъунамои хуб дорад.

Пешвои муаззами миллат ба оилаи Воисовҳо барои истифодаи самараноки замин ва бо ин восита дастгирӣ намудани сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ба бародарон ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот ва рушди боғу токзор дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ҳамчунин аз намоиши маҳсули заҳмати бародарон ва захираи маводи озуқаи ин оила дидан намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола бонувони хонаводаи Воисовҳо аз ҳосили замини наздиҳавлигии худ ва боғоти он маҷмӯи гуногуни хӯрданиҳо, аз ҷумла мураббо, шарбати мева ва намудҳои гуногуни хӯришҳо захира менамоянд. Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва дигар намуди лӯбиёгиҳо низ маҳз аз ҳамин замин аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати кадбонугии бонувони хонавода, ҷиҳати омода намудани таомҳои миллӣ баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо ҳамчунин ҷиҳати дастгирии сиёсати Ҳукумати кишвар дар самти истифодаи самараноки замин, ба бародарон Абдурауф ва Адҳам Воисовҳо туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар деҳоте, ки бародарон Воисовҳо ба сар мебаранд, беш аз 34 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ карда, ҳамаи онҳо тавассути самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамасола то 2 ҳосил ба даст меоранд.