Боздид аз фермаи асп ва чорвои калони шохдор дар ноҳияи Мастчоҳ

14.09.2020, ноҳияи Мастчоҳ

 

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фотеҳободи ноҳияи Мастчоҳ аз фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” боздид ба амал оварданд. 

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар  фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” беш аз 200 сар чорвои калони шохдор, 560 сар моли майда, 25 сар асп, 6 шутур, 12 шутурмурғ ва 10 ҳазор  сар мурғи гуштӣ парвариш карда мешавад.

Фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” солҳои дароз фаъолият намекард ва он имрӯз бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Устосафар Олимов пурра навсозӣ шуда, ҳамчун комплекси замонавии чорводорӣ ва асппарварӣ фаъолияти худро пеш мебарад.

Тибқи иттилоъ дар фермаи мазкур аз аввали фаъолият танҳо 20 сар чорвои калони шохдор мавҷуд буд. Масоҳати умумии Фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” қариб 7 гектарро ташкил дода, бештар аз 20 нафар бо ҷйи кор таъмин гардидаанд.   

Баъди навсозии иншоот саршумори чорвои калони шохдор зиёд карда шуда, дар он зоти гови сиёҳало нигоҳубин карда мешаванд.

Соли равон бо мақсади зиёд намудани саршумори чорвои зотии ширдеҳу гӯштӣ аз Федератсияи Россия 60 сар ғуноҷин ворид карда шуд. 

Дар оянда хушзоткунии чорвои калони шохдори аҳолӣ низ аз ҳисоби буқаҳои зотии дар ин ин ҷо парваришёбанда ба роҳ монда мешавад, ки ин омил ба рушди соҳаи чорводорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ мусоидат менамояд.  Дар фермаи ширию молӣ буққаҳои зотии гӯштиро нигоҳубин карда, аз ҳисоби онҳо сокинони ноҳия, вилоят ва дигар бозорҳои мамлакатро бо гушт таъмин менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз фаъолияти  фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён”  ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати бунёду навсозии ферма изҳори сипос намуда, чорводоронро барои зиёд намудани саршумор ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли гӯшту шир вазифадор карданд. 

 Дар Фермаи ширию молии Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” дар баробари парвариши чорвои калони зотӣ ҳамзамон нигоҳубини шутур, шутурмурғ ва парандаро ба роҳ мондаанд, ки ҳамасола саршумори онҳо зиёд карда мешавад. Аҳли кооперативи истеҳсолӣ барои дар оянда рушд бахшидани соҳаи чорводорӣ ва афзун намудани саршумори шутуру шутурмурғ бештар ҳавасманданд, зеро Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” дар ноҳияи Мастчоҳ ягона фермаест, ки дар он ба парвариши аспу шутур ва паранда диққати махсус равона карда шудааст. Ин омил дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзоиш додани истеҳсоли гӯшту тухм замина мегузорад.   Роҳбарияти Кооперативи истеҳсолии “Олимиён” дар фермаи ширию молӣ аспҳои зоти тоҷикиро парвариш менамоянд. Аспҳои парваришнамуда бузургҷусса буда, ҳамасола дар мусобиқаҳои аспдавонӣ иштирок карда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид ва шиносоӣ ба зоти аспҳои тоҷикии дар ин ҷо парваришёбанда бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, ҷиҳати дар оянда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани парвариши зоти аспи тоҷикӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҳамасола саршумори аспҳои зоти тоҷикӣ зиёд карда шуда, ба парвариши онҳо диққати махсус зоҳир карда мешавад.

Барои беталаф баровардани чорво 15 ҳазор дона тойбанд ва беш аз 100 тонна хӯроки чорво захира карда шудааст.

Ноҳияи Мастчоҳ аграрӣ буда, чорводорӣ яке аз бахшҳои рушдкардаи соҳаи кишоварзии он ба ҳисоб меравад. Дар ноҳия шароити зиёд намудани саршумори чорво, ташкили фермаҳои чорвопарварӣ мавҷуд мебошад ва ҳоло ин имкониятҳо самаранок истифода карда мешаванд. Тибқи маълумоти оморӣ ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ саршумори чорвои калони шохдор 55  ҳазору 155 сар, чорвои майда бештар аз 147 ҳазор,  паранда 326 ҳазору 961 ва апс 485 сарро ташкил медиҳад, ки суръати афзоиш аз 100 то 126 фоизро дар бар мегирад.