Истиқбол дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент ва ба истифода додани Беморхонаи марказӣ

12.09.2020, шаҳри Панҷакент

 

12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ташриф оварданд.

Сарвари давлатро сокинони ноҳия, ҷавонон, кормандони касбу кори гуногун ва фаъолон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Бояд гуфт, ки сафарҳои кории Президенти мамлакат ба ин шаҳр пайки ободониву бунёдкорӣ оварда, ин навбат низ бо иштироки Пешвои муаззами миллат корхонаҳои истеҳсолӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва иншооти соҳаҳои тандурустиву фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент бинои Беморхонаи марказии шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо имконот ва шароити фароҳамовардашуда аз наздик шинос гардида, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Бояд таъкид кард, ки сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо назардошти риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ сурат гирифта, ҳамчунин Роҳбари давлат аз  дигар масъулин талаб менамоянд то меъёрҳои муқарраргардида ба хотири пешгирӣ аз сироятёбиву паҳншавии бемории Ковид-19 ҳамаҷониба иҷро карда шавад.

Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ вазъи эпидемиологии Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо хубтар мебошад. Масъалан дар шаҳри Панҷакент аз 315 ҳазор аҳолӣ ҳамагӣ 3 нафар мубталои ин беморӣ буда ҳоло дар беморхонаи сироятии шаҳр муолиҷа ёфта истодаанд ва ҳамаи овозаҳо вобаста ба хуруҷи ин беморӣ дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ягон асоси воқеъӣ надоранд. Бояд таъкид кард, ки шаҳр дорои беморхонаи алоҳидаи сироятӣ бо 70 кат буда, дар он шароити муосири табобату нигоҳдорӣ фароҳам оварда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки беморхона дорои 200 кат буда, дар он 180 ҷои кори иловагии дигар ташкил гардида, иншоот дар доираи стандартҳои қабулшудаи тиббӣ бунёд ёфтааст. Иншооти нав аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, дар он барои ташхису табобати ниёзмандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар таҳхонаи бино шуъбаи қабул, гӯшаи табиатшифоӣ ва шуъбаи рентгенологӣ – диагностикӣ ҷойгир буда, бахши бемориҳои қалбу эҳёи кардиологӣ дар қабати якуми бино ҷой дода шудааст.

Ҳангоми боздид аз шуъбаи мазкур, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои ташхису муолиҷаи беморони қалб дар утоқҳои корӣ муосиртарин дастгоҳҳои соҳавӣ насб гардидааст. Шароити мазкур имконият медиҳад, ки беморон минбаъд дар ҳудуди шаҳр саривақт муолиҷа ёфта, барои дарёфти дармон ба дигар минтақаҳо сафар накунанд.

Шуъбаи ҷарроҳии умумии беморхонаи марказӣ имконият медиҳад, ки тамоми навъҳои ҷарроҳӣ дар беморхона гузаронида шавад. Дар утоқҳои кории шуъбаи мазкур дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, катҳои функсионалӣ, таҷҳизоти инфузомат, монитори назди кат васлу насб гардидааст, ки то ин дам табибони шаҳр ба чунин имкониятҳо дастрасӣ надоштанд. Ҳамчунин маҷмӯи асбобҳои ҷарроҳӣ харидориву ба шуъбаи мазкур дастрас гардидааст.

Ҳамзамон дар бинои нави Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент шуъбаҳои бемориҳои амрози даруна, эндокринологӣ ва бахши гастроэнтерология ҷойгир буда, дар ҳар бахш мувофиқ ба талабот, таҷҳизоти биохимиявӣ, кардиомонитор, дасгоҳҳои рентгении портативӣ ва электроатсос насб гардидааст. Таҷҳизоти соҳавӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ харидорӣ шуда, бо бунёди беморхонаи нав мушкилоти чандинсолаи сокинони шаҳр дар самти ташхису табобати бемориҳои гуногун ва гузаронидани ҷарроҳӣ бартараф гардид. Барои фарогирии беморон ба табобат дар дохили иншоот утоқҳои барҳаво бо рахти хоби бароҳату дигар шароитҳои зарурӣ бунёд гардид.

Дар доираи тарҳи мазкур ҳамчунин бинои шуъбаи ёрии таъҷилӣ бунёд гардидааст.

Гирду атрофи беморхона бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфта, дар ҳавлии он ду суҳбаткада ва аз ду тарафи бино фаввораҳо бо шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд гардидааст. Даромадгоҳ ва роҳравҳои ҳудуди беморхона пурра сафолакпӯш гардидааст. Ҳамчунин бинои куҳнаи беморхонаи марказӣ аз таъмири пурра бароварда шуд, барои қабули шаҳрвандон имконияти мусоид фароҳам гардид.  

Бинои куҳнаи беморхона дорои 240 кати хоб буда, 72 нафар табиб дар он фаъолият доранд ва бо назардошти бинои нав дар маҷмӯъ 440 кат дар беморхонаи марказии шаҳрӣ ташкил гардид.

Бинои мазкур дар доираи Нақша – чорабиниҳо бахшида ба 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба беҳтар шудани дастрасии аҳолии шаҳри Панҷакент ба хизматрасонии муосири тиббӣ мусоидат менамояд.

Дар маҷмӯъ дар шаҳри Панҷакент бояд то таҷлили ин санаи фархунда 405 иншооти таъиноташон гуногун бунёд гардад, ки то имрӯз 60 фоизи он аллакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.