Ифтитоҳи бинои истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ

 

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои 3 – ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, бо буридани лентаи рамзӣ мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, дар давоми як сол иншоот бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд.

Иншоот дар маркази ноҳия қомат афрохта, барои кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ шароити хуби зиндагӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои мазкур дорои хонаҳои ду ва сеҳуҷрагӣ буда, дар он шароити арзандаи истиқомату истироҳат фароҳам оварда шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо калиди хонаҳои истиқоматиро ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Восеъ супориданд ва бо шароити муҳайёгардида, дар он ҷо шинос гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои кормандони соҳа табрик намуданд.

Президенти мамлакат кормандони соҳаро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва ҳифзи сулҳу суботи он ҳидоят намуданд.

Воқеан бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот шароити арзандаи кор ва истиқомат фароҳам оварда мешавад.