Ифтитоҳи бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ

24.09.2020, ноҳияи Восеъ

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Восеъ бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, аз ду ошёна иборат буда, он дар масоҳати 460 метри мураббаъ бо тарҳи меъмории миллӣ бунёд карда шудааст.

Иншооти мазкур аз 36 утоқи кориву хизматрасонӣ, аз ҷумла, ҳуҷраи навбатдор, ҳуҷраи қабули даъватшавандагон, ҳуҷраҳои махсус баҳри гузаронидани муоина ва ташхиси тиббӣ, толор барои баргузории ҷамъомаду ҷаласаҳои гуногун, аз ҷумла Ситоди минтақаи мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва аз дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Ҷиҳати ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити корӣ иншоот бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ, аз ҷумла видеокамераҳои мушоҳидавӣ ва системаи алоқаи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Аснои ба истифода супоридани иншоот Пешвои миллат ба лоиҳаи татбиқшуда ва  сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти ҳарбӣ баҳои баланд доданд.

Иншоот аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар давоми солҳои 2019-2020 ба нақша гирифташудаи Вазорати мудофиа бунёд карда шудааст.

Атрофи бино дар масоҳати 230 метри мураббаъ бо деворҳои мустаҳкам ва ба талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ҷавобгӯ маҳкам карда шуда, аз қисмати дохили бинои Комиссариат дар масоҳати 800 метри мураббаъ майдони сафороӣ бо минбар, шаҳраки варзишӣ, фаввораи замонавӣ, барои нишаст ва қабули шаҳрвандон се суҳбатҷой низ бунёд карда шудааст.

Ҳамзамон дар масоҳати 1700 метри мураббаъ ҳудуди иншооти мазкур бо гулу буттаҳо, растаниҳои гуногун, дарахтони ороишиву сояафкан сабзу хуррам гардонида шуда, майдони сафороӣ, роҳраву дигар ҳудуди бинои Комиссариати ҳарбӣ асфалтпуш гардидааст.

Дар маҷмуъ бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ мувофиқ ба меъёрҳои ҳарбӣ ва пурра ба талаботи муосири низомӣ мутобиқ гардонида шуда, барои кору хизмати афсарон ва фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсии он шароити зарурӣ муҳайё мебошад.

Зимни ба истифода супоридани иншооти мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарон ва ҳайати шахсии ин ниҳоди низомии мамлакатро барои ба нафъи давлату миллат содиқона хизмат намудан ҳидоят карданд.