Ифтитоҳи бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ

20.08.2020, ноҳияи Ванҷ

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои нав дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуда, дорои тамоми шароити кору фаъолият барои кормандон мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз дохил ва ҳудуди бинои Комиссариати ҳарбӣ дидан намуда, бо шароити арзандаи кору фаъолияти ҳайати кормандон аз наздик шинос шуданд.

Иншооти нав аз ду ошёна, 14 утоқи кории афсарону ҳайати шахсӣ, толори маҷлисӣ, нуқтаи навбатдори фаврӣ ва дигар мавзеъҳои маишӣ иборат мебошад.

Утоқҳои корӣ ва дигар иншооти ёрирасони комиссариати ҳарбӣ, бо мебел, таҷҳизоти лозима ва системаи алоқаи муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар бинои нав барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни таълимӣ, аз қабили мудофиаи ҳудудӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва гузаронидани дигар фаъолиятҳои хизмативу нақшавӣ имконоти ҳамаҷониба мавҷуд аст.

Масоҳати умумии қитъаи замини Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ аз 1400 метри мураббаъ иборат буда, иншоот дар масоҳати 230 метри мураббаъ сохта шудааст.

Роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш гардидааст. Ҳамзамон дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ ҳудуди иншоот бо гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои ороишӣ зиннат ёфта, барои нишаст ва қабули шаҳрвандон ду суҳбатҷой бо фаввора низ бунёд гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи солҳои охир дар натиҷаи боз ҳам беҳтар гардидани вазъи иқтисодии мамлакат ва сиёсати дурандешонаи роҳбарияти олии давлату ҳукумат дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қисми зиёди бинои комиссариатҳои ҳарбии кишвар пурра азнавсозӣ ва ё аз сифр бунёд карда шуда, ин тадбири созанда дар асоси ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дигар манотиқи кишвар идома дорад.

Давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии роҳбарияти олии мамлакат дар маҷмӯъ бинои 25 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохта,  мавриди истифода қарор гирифтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон зимни суҳбат бо масъулон ва ҳайати кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ ифтитоҳи бинои нави кориро дар арафаи ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун тӯҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати кору фаъолият дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити арзандаи кору фаъолият дар бинои нави Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ ва суҳбат бо ҳайати кормандону масъулон дар китоби хотиравии меҳмонони воломақом соядаст гузоштанд.