Ифтитоҳи бинои маркази савдои “Ванҷ ситӣ” дар ноҳияи Ванҷ

20.08.2020, ноҳияи Ванҷ

20 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди бозид аз намоиши дастовардҳои ҳунармандон ва кишоварзон бинои Маркази савдои “Ванҷ сити”-ро мавриди баҳбарардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, сохтмони он моҳи апрели соли 2019 оғоз гардида буд. Он аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Орзу Лашкаров дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бартараф намудани мушкилоти мардум дар самти хизматрасонии маишӣ бо сатҳу сифати баланди ҷавобгӯйи меъёрҳои сохтмонӣ ба итмом расид.  

Масоҳати умумии иншоот 700 ва масоҳати зери сохтмон 264 метри мураббаъро ташкил намуда, дар шафати он фаввора бо шаклу усули замонавӣ сохта шудааст.

Ошёнаи якуми бино ҳамчун мағозаи фуруши маҳсулоти гуштӣ, қаннодӣ, меваву сабзавот, молҳои конселярӣ фаъолият намуда, фуруши молҳои ниёзи мардум дар ошёнаи дуюми бино ҷой дорад.

Бо назардошти зиёд будани мавзеъҳои сайёҳӣ ва таваҷҷӯҳи бештари сайёҳон ба ҷойҳои тамошобоби ноҳия, ошёнаи сеюми бино ҳамчун меҳмонхона ба нақша гирифта шудааст. 

Дар рафти корҳои сохтмонии иншооти мазкур беш аз 20 нафар ба корҳои бунёдӣ ҷалб гардида, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 17 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.

Зимни боздид аз шарту шароити Маркази савдои “Ванҷ ситӣ” Сарвари давлат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иншооти мазкурро барои бартараф гардидани эҳтиёҷоти аҳолӣ дар самти хизматрасонӣ муҳиму саривақтӣ донистанд.

Бо мақсади зебову назаррабо гардидани атрофи бино масоҳати 400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Чароғакҳое, ки дар атрофи бино насб шудаанд, шабона ба ҳусни атроф зебогӣ зам менамоянд.

Хурсандиовар аст, ки соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ванҷ дар партави дастуру ҳидоятҳои бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳудуди ноҳия иншооти гуногуни ҳаётан муҳимро сохта ба истифода додаанд, ки дар натиҷа сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ беҳтар ва ҳусни ноҳия зеботар гардидааст. 

Аснои шиносоӣ бо шарту шароити иншооти мазкур Пешвои миллат ба иқдоми соҳибкорони ноҳияи Ванҷ, ки дар шароити кӯҳистон чунин бинои наву замонавӣ сохтаанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, иқдоми онҳоро намунаи ибрат хонданд.