Ифтитоҳи бинои Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшони вилояти Суғд

12.09.2020, шаҳри Панҷакент

 

12 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Панҷакент Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшони вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нав дар кӯчаи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент қомат афрохта, корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд анҷом дода шуд.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар он барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар даромадгоҳи Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшони вилояти Суғд қуттии арзу шикоятҳои шаҳрвандон мавҷуд мебошад, ки робитаи ҷомеаро бо мақомоти мубориза бо коррупсия бештар намуда, саҳми онҳоро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа зиёд мегардонад. 

Таҳхонаи бино аз толори варзишӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои кориву иншооти ёрирасон иборат мебошад. Толори варзишӣ бо лавозимоти гуногуни соҳавӣ муҷаҳҳаз буда, дар он кормандон метавонанд ба обу тоби бадан машғул шаванд. Дар ошёнаи 1-уми бинои Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшони вилояти Суғд ҳуҷраи навбатдори оперативӣ, утоқҳои корӣ ва китобхона ҷойгир аст.

Китобхонаи шуъба бо садҳо нусха адабиёти соҳавию бадеӣ ғанӣ гардонида шудааст. Адабиёти он аз рӯйи мавзӯъҳо, аз ҷумла асарҳои Пешвои миллат, китобҳо оид ба дастовардҳои истиқлол, китобҳои бадеӣ, адабиёт оид ба сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, коррупсия ва масъалаҳои вобаста ба он ҷудо карда шудааст.

Кормандони Шуъбаи минтақавии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшони вилояти Суғд имкон доранд, ки дар вақтҳои холигӣ аз адабиёти бадеиву соҳавии китобхона истифода намуда, донишу малакаи касбии хешро такмил диҳанд.

Қабати дуюми иншоот барои ҳуҷраҳои корӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ҳамаи ошёнаҳо ва гирду атрофи бино камераҳои назоратӣ насб карда шудаанд.

Дар ошёнаи сеюми бинои тозабунёд 3 хонаи дуҳуҷрагӣ барои кормандон бунёд гардидааст. Ҳамаи хонаҳо бо ҷиҳоз ва ашёи рӯзгор таъмин шудаанд. Ин дастгириву ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири беҳтар шудани шароити зисту зиндагонии кормандони соҳа равона гардида, масъулияти онҳоро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат, баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба мақомоти давлатӣ ва афзоиши самаранокии мубориза бар зидди коррупсия дучанд мегардонад.

Кормандон ба масъалаи ободу зебо гардонидани гирду атроф ва саҳни бинои шуъба низ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Дар гирду атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шудааст.

Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои корӣ дар иншооти нав, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани онро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни фархундаи 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзанда ба кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия номида, онҳоро ба фаъолияти хубу пурсамар ҳидоят карданд.