Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” дар шаҳри Хоруғ

21.08.2020, шаҳри Хоруғ

21 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари кории худ дар шаҳри Хоруғ Коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ”-ро ифтитоҳ карданд.

Бинои коргоҳ барои таъмини занону духтарони хонашин бо чойҳои нави корӣ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мебошад.

Иншооти нав бо саҳми соҳибкори ватандӯсти шаҳри Хоруғ Мукаррабшо Ноибшоев бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯз сохта шудааст.

Соҳибкори ватанӣ дар партави сиёсати бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои соҳибкасб гардондани ҷавондухтарон ва бо ҷойи кор таъмин кардани бонувони хонашин тасмим гирифт, ки коргоҳи дӯзандагиро сохта ба истифода диҳад.

Тибқи нақша бинои коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” аз утоқҳои маъмурию ёрирасон иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин карда шудааст.

Коргоҳи дӯзандагӣ дар доираи эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” сохта шуда, имрӯз бо иштироки Сарвари давлат ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар коргоҳи мазкур 45 мошинаи нави дӯзандагӣ мавҷуд буда, дар марҳилаи аввал барои қариб 50 нафар ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Мошинаҳои дардӯзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз ҳисоби Фонди зиндагии беҳтар ворид карда шудаанд. Дар коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” асосан либоси мактабӣ дӯхта мешавад.

Занону духтарон аз бунёди коргоҳ ва бо кору маоши хуб таъмин шуданашон изҳори қаноатмандӣ менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ва сӯҳбат бо кормандон ба сифати либосҳои дар корхона дӯхташаванда таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуданд.  

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо бунёд кардани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ сатҳи бекорӣ  коҳиш дода шуда, шумораи зиёди сокинон махсусан занону духтарони хонашин марҳила ба марҳила бо ҷойи кор таъмин карда мешванд. 

Дар дохили бозори “20-солагии Истиқлол”-и шаҳри Хоруғ бо саҳми соҳибкорони ташаббускор сохтмони марказҳои савдову хизматрасонӣ ва дигар иншоот идома дорад. Бо қомат афрохтани биноҳои навсохт симои шаҳри Хоруғ ободу назаррабо гашта, сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар  хоҳад гашт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар назди бинои навбунёди коргоҳи дӯзандагии “Баҳори ишқ” ташкил карда шуд, дидан карданд.

Бояд гуфт, ки дар 6 моҳи соли 2020 қариб 500 нафар занону духтарони ҳунарманд ба қайд гирифта шуда, дар рушд ва эҳёи дубораи ҳунарҳои халқӣ саҳми худро мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва сӯҳбат бонувону ҷавондухтаронро барои ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои халқӣ ва эҳёи дубораи онҳо ҳидоят намуданд.

Бояд гуфт, ки дар доираи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар 6 моҳи соли равон дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бештар аз 800 нафар занону духтарони хонашин ба ҳунаромӯзӣ ҷалб гардиданд. Бонувон ва ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳои вилоят бо истифода аз имкониятҳои фароҳамнамудаи давлат ба дӯзандагӣ, мӯҳрабофӣ, тоқидузӣ, майдадӯзию ҷуроббофӣ, сабадбофӣ ва ғайра машғул буда, аз ҳисоби маҳсули дастони хеш зиндагиашонро пеш мебаранд.