Ифтитоҳи Майдони Нишони давлатӣ дар шаҳри Хоруғ

21.08.2020, шаҳри Хоруғ

21 август дар Майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иншооти муҳими дигар – Нишони давлатиро ба истифода доданд.

Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2016 ҳангоми ба истифода додани Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони вилоят ва шаҳри Хоруғ дастур дода буданд, ки дар ҳамин мавзеъ рамзи дигари давлатдорӣ – Нишони давлатиро ҳам бунёд намоянд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бештар аз як моҳ идома ёфт. 16 нафар сохтмончии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бунёд” дар ин муддат тавонистанд бо истифода аз масолеҳи сохтмонии баландсифат ин рамзи давлатдории навини тоҷиконро бунёд намоянд.

Дар бунёди таҳкурсӣ ва пояи Нишон санги мармар ва гранит истифода шудааст, ки маҳсулоти ватанӣ ба ҳисоб мераванд. Нишони давлатӣ бо баландии 16,5 метр аз сатҳи замин дар майдони 800 метри мураббаъ сохта шудааст. Гирду атрофи он бо гулу буттаҳои нодири ороишӣ зиннат дода шуда, роҳравҳои атрофи иншоот сафолакпӯш гардидааст.

Дар маҷмуъ Майдони Исмоили Сомонӣ 3200 метри мураббаъ масоҳат дошта ва дар ду тарафи он фаввора сохта шудааст.

Гузоштани нимпайкараҳои фарзандони фарзонаи миллат дар Майдони Исмоили Сомонӣ воқеан ҳам ин мавзеъро ба макони тамошобоб табдил додааст.

Лозим ба таъкид аст, ки солҳои охир дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қариб дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат рамзҳои давлатдории муосири тоҷикон, аз ҷумла Нишон ва Парчами давлатӣ қомат афрохтанд.

Ин ташаббус эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастии мардум, аз ҷумла наслҳои наврасро дучанд намуда, дар замири онҳо ҳисси ифтихор аз миллату давлат ва гузаштаи бойю рангини халқи тамаддунофари тоҷикро қавитар месозад.