Ифтитоҳи Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ дар шаҳри Душанбе

21.07.2020, шаҳри Душанбе

21 июли соли 2020 дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Дар саҳни ҳавлии маҷмаа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз рӯи лавҳаи рамзӣ парда бардошта, ба фаъолияти ин иншооти муосири варзиш оғоз бахшиданд.

Бояд гуфт, ки Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе яке аз калонтарин маҷмааҳои варзиши мамлакат мебошад.

Маҷмааи варзиш аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе дар майдони 10 гектар  бунёд гардидааст.

Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони маҷмаа ҳанӯз соли 2012 оғоз ёфта, ҷараёни сохтмони он таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.

Фармоишгари иншоот Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи онро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Ростовгипрошахт”-и Федератсияи Россия таҳия намудааст.

Дар бунёди маҷмаа ширкатҳои ватании “Стройкомплекс”, “Марв-Сохтмон”, “Абусалмон”, “Заводи асфалту бетон” ва “Нури Ҳамадон”, дар маҷмӯъ, мутахассисони варзидаи 15 ширкати ватанӣ ва 5 ширкати хориҷӣ саҳм гузоштаанд.

Дар маҷмааи варзишӣ беш аз 500 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои сохтмону васлкунӣ ҷалб гардида, ҳамаи корҳо бо сифати баланд ба анҷом расонида шудаанд.

Баробари ба истифода додани маҷмааи мазкур беш аз 200 нафар  бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Баъди ифтитоҳи иншоот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароиту имкониятҳои Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишӣ аз қасри теннис барои зиёда аз 3 ҳазор ҷойи нишаст бо таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 300 воситаи нақлиёт, қасри намудҳои варзиши обӣ барои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст, ҳавзи шиноварии кушода бо 300 ҷойи нишаст ва 27 лифт иборат буда, ҳамчунин, дар шафати он 8 майдони тенниси кушод, ки яке аз онҳо дорои ҳазор ҷойи нишаст мебошад, сохта шудааст.

Яке аз иншооти калони маҷмаа Қасри намудҳои варзиши обӣ мебошад ва боздиди Сарвари давлат низ аз он оғоз гардид.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дар масоҳати зиёда аз 20 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат аст ва баландии иншоот 27 метрро ташкил медиҳад.

Қаср дорои қариб дуюним ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад. Дар таҳхона ҷойи ивази либос барои 1800 нафар тамошобин ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи якум 4 ҳавзи шиноварӣ, аз ҷумла ҳавзҳо барои ҷаҳиш ба об, шиноварӣ, машқҳои аква – аэробика – рақси обӣ ва ватерполо ҷойгир буда, ҳамаи онҳо мувофиқ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ бунёд гардидаанд.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми иншоот толор барои баргузории нишастҳои матбуотӣ бо 130 ҷой, 2 толори машқ, утоқҳо барои либосивазкунӣ ва истироҳати варзишгарон, утоқҳои маъмурият, 6 қаҳвахона, 9 лифт ва дигар иншооти фаръӣ ҷойгир шудааст.

Ҳавзҳои маҷмаа ҳам барои омӯзиши ин ҳунарҳо ба хоҳишмандон ва ҳам барои мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ пешбинӣ шудаанд.

Қасри намудҳои варзиши обӣ дорои таҷҳизоти муосири оббозӣ буда, ҳавзҳои шиноварии он дар ҳамаи фаслҳои сол бо оби гарми дорои ҳарорати 26 дараҷа таъмин карда мешаванд. Низоми муҳандисии иншоотро таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосири сохти кишварҳои пешрафта ташкил мекунад.

Дар ин маҷмаа аз кӯдакони ҳафтсола сар карда, то калонсолон метавонанд бо машқу тамрин машғул шаванд, зеро дар ин ҷо ҳавзҳои чуқуриашон аз 0,7, 1,5, 3 то 6 метр мавҷуданд.

Қасрҳо ва дигар иншооти ин маҷмаа бо ранги кабуди монанд ба оби соф ороиш ёфтаанд, ки ин рамзи кишвари обҳои мусаффо ва ташаббускори ҳалли мушкилоти обии ҷаҳон будани Тоҷикистон мебошад.

Баъди шиносоӣ бо имкониятҳои машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзиши обӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз иншооти дигари маҷмаа – ҳавзи шиноварии болокушода боздид карданд.

Дар шафати маҷмааи намудҳои варзиши обӣ, ҳамчунин, ҷиҳати ба солимгардонӣ ва шиноварӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон ҳавзи шиноварии болокушода сохта шудааст, ки барои баргузории мусобиқаҳои шиноварӣ дар фасли тобистон таъин шудааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода дар масоҳати умумии 8 ҳазор метри мураббаъ бо баландии 17 метр бунёд гардида, дорои 300 ҷойи нишаст мебошад. Иншооти мазкур барои баргузории 4 намуди варзиши обӣ, аз ҷумла ҷаҳиш аз трамплини дорои баландиҳои 1, 3, 5, 7.5 ва 10 метр, шиноварӣ дар масофаи 25 метр ва бозии ватерполои занонаву мардона пешбинӣ гардидааст.

Ҳавзи шиноварии болокушода низ мувофиқ ба талаботи муосир бунёд ёфта, дар он ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Лоиҳаи маҷмаа бо Федератсияи байналмилалии намудҳои варзиши обӣ мувофиқа гардидааст.

Дар иншоот системаи шабакаҳои зарурӣ мутобиқи талаботи FINA (Федератсияи байналмилалии шиноварӣ) ва ITF (Федератсияи байналмилалии теннис) барои гузаронидани мусобиқаҳои сатҳи умумиҷаҳонӣ насб гардидааст.

Бояд гуфт, ки мутахассисони Федератсияи байналмилалии шиноварӣ ва Федератсияи байналмилалии теннис ҷараёни корҳои лоиҳакашиву сохтмонро бевосита назорат карда, барои ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ гардидани маҷмаа тавсияву маслиҳатҳои муфид додаанд.