Ифтитоҳи Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм” дар шаҳри Панҷакент

12.09.2020, шаҳри Панҷакент

 

12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар шаҳри Панҷакент баъд аз таҷдиду муҷаҳҳазгардонӣ Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи “Мармари Саразм” дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегияи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори ҶСП “Корпоратсияи Сомон-Суғд” фаъол карда шуд.

Корхонаи мазкур бо ҷалби 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор дароварда шуда, аз коргоҳҳои ояндадори минтақа дониста мешавад. Кор дар ин ҷо тавассути техникаҳои муосири соҳавӣ ва бо ҷалби мутахассисони варзидаи маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи фаъолияти минбаъдаи корхона 15 гектар кони санги травертинро аз ҳисоби заминҳои гирду атроф ҷудо кард.

Корхонаи мазкур аз соли 1995 бо дарназардошти захираи азими Кони мармари “Тиллогул”-и деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ба фаъолият оғоз карда буд. Давоми солҳои охир бо сабаби дурии роҳ, дастрасӣ ба ашёи хом аз ин мавзеъ душвор гардид ва он аз фаъолият бозмонд.

Дар доираи иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ва ҷиҳати амалисозии мақсадҳои стратегияи миллии саноатикунонии босуръати мамлакат Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “Мармари Саразм” дубора ба фаъолият оғоз кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тадбирҳои навсозӣ дар иншооти мазкур баҳои баланд дода, соҳибкоронро ҳидоят карданд, ки бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ва фароҳам шудани шароити мусоиди корӣ, барои инкишофи бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро васеъ ба роҳ монда, дар рушди саноатикунонии мамлакат бештар ҳиссагузорӣ намоянд. 

Мутахассисон исбот кардаанд, ки кони “Тиллогул” аз мавзеъҳои бой ва ояндадор аст ва мармари он сифати баланд дорад. Ба хотири истеҳсол кардани маҳсулоти рақобатпазир ва роҳ ёфтан ба бозори минтақа, имрӯзҳо омӯзиши кон бо ҷалби ҳайати Экспедитсияи иктишофӣ-геологии “Моғиён” ва истеҳсоли оҳаксанги ороишии травертимонанд дар заминаи оҳаксанг дар деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент роҳандозӣ гардидааст. Ин мавзеъ дар деҳаи “Тагоби халқ” ҷойгир буда, талабот ба оҳаксанги ороишии травертимонанд беш аз пештара рӯ ба афзоиш дорад.

Лозим ба зикри хос аст, ки маҳсулоти истеҳсолии “Мармари Саразм” дар иншооти бузурги меъморие, ки бо тарҳи милливу муосир дар гӯшаҳои гуногуни кишварамон бунёд меёбанд, истифода гардида, дорои сифати баланд мебошад.

Дар саҳни корхонаи “Мармари Саразм” намунаҳои маҳсулоти истеҳсолӣ ва тарзу усулҳои коркарди мармар ва оҳаксанги ороишии травертимонанд ба намоиш гузошта шуд.

Дар ин намоишгоҳ дигар корхонаҳои коркарди санги шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ иштирок карда, маҳсулоти истеҳсолкардаи коргоҳҳои худро ба маъраз гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро нишонаи возеҳи дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, онҳоро ба саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат  ҳидоят намуданд.

Соҳибкорон ваъда доданд, ки бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамовардаи давлат дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми бештар хоҳанд гузошт.