Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин рӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Баъд аз ворид намудани Парчами давлатӣ ба толор ва садо додани Суруди миллӣ Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, ҷаласаи тантанавиро оғоз намуда, бо Рӯзи Президент тамоми ҳайати шахсӣ ва дар симои онҳо аҳлу оилаашонро самимона муборакбод гуфта, иброз доштанд, ки дар баробари ба дастовардани Истиқлолияти давлатӣ,  Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид ва дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва гардонад.

Натиҷаи ҳамин заҳматҳо буд, ки халқи тоҷик дар интихоботи навбатӣ ба райъи кули аҳолӣ аз нав Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмонро сарвари худ пазируфтанд, ки бе шаку шубҳа арзандаи мансаби олии давлатӣ мебошанд.

Бахшида ба ин рӯз як қатор кормандон баромад намуда, дар суханронии худ иброз доштанд, ки дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем. Ҳамчунин дар васфи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар ва Тоҷикистони азиз шеърҳо қироат карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Директори Агентӣ Шерхон Салимзода бори дигар кормандон ва кулли мардуми кишвари азизамонро бо Рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно намуданд.