(Тоҷикӣ) Бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд

0
757

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки бисту ҳашт сол инҷониб номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаи худро пайдо намудааст.

Бахшида ба ин рӯзи таърихиву фараҳбахш дар байни ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Котиби Шурои аминяти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи мазкур Директори Агентӣ Шерхон Салимзода ҳозиринро бо ин рӯзи бошукуҳ табрик намуда, иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо бадастовардҳои аз ин ҳам бузургу таърихӣ қодиранд.

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур роҳбарият ва кормандони ҷавони Агентӣ дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Маҷлиси тантанавӣ бо сарфароз гардонидани як қатор кормандони Агентӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва идоравӣ дар доираи салоҳияти Директори Агентӣ анҷом ёфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ