(Тоҷикӣ) БУНЁДИ БОЗ ЯК МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

0
661

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

15-августи соли 2019 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар пайгирӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат дар маҳаллаи 104  ноҳияи Синои шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.

Иншооти мазкур бо қувваи кории кормандони Агентӣ назорати маводи нашъовари бунёд гардида, пурра бо шароити мусоид барои истироҳату фароғат ва варзишу бозии кӯдакону сокинон таъмин мебошад.

Дар майдончаи варзишӣ ҷой барои бозию дилхӯшии кӯдакон, майдончаи тамрини бадан барои калонсолон, варзишгоҳи хурди универсали футбол, валибол ва воскетбол ва майдони сайру гашти сокинони маҳалла бунёд гардидааст. Ҳудуд ва атрофи майдонча сабзкорӣ шуда дар он дарахтони сояафкан ва сабзаҳои ороишӣ кошта шудааст, ки ин мавзеъро боз ҳам зебову назаррабо менамояд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин як макони истироҳату фароғат бо шароити зарурӣ, мушкилоти бошандагони кучаи Тунисро ҳам аз байн бурда, барои хурсандиву нишоти ҳамешагии кўдакону наврасон боис гардид.

Бояд қайд намуд, ки майдончаи мазкур бо харҷи 654 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст. Масоҳати он 3206,00 метри мураббаро ташкил медиҳад, дар масоҳати 1185,00 метри мураббаъ саза корида шуда, масоҳати 246,00 метри мураббаъ роҳравҳо бо тахтасангҳои ороиши васл карда шудааст, дар ин майдонча  165 дархтони арча шинонида шудааст.

Машғул шудан бо варзиш барои саломатӣ фоидаовар ва ҳамчунин яке аз амалҳои беҳтарини пешгирӣ аз оворагардӣ ва нашъамандӣ дар байни ҷавонону наврасон ба шумор меравад.

Сокинони маҳалла ин иқдомро самараи таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба аҳолӣ ва махсусан ҷавонон, ки насли ояндасози мамлакат ба ҳисоб мераванд маънидод намуда, аз бунёди чунин як иншооти солимгардонӣ ва фароғатии кӯдакон хушҳол буданду ба дастандаркорон изҳори минатдории бепоёни худро баён намуданд.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ