(Тоҷикӣ) Вохӯрии Директори Агентӣ бо намояндагони Қӯшунҳои сарҳадии Шоҳигарии Британияи Кабир

0
425

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 19 сентябри соли равон Роҳбари Департаменти минтақавии Қӯшунҳои сарҳадии Шоҳигарии Британияи Кабир Крис Перкин барои мулоқот бо Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентӣ ташриф овард.

Зимни мулоқоти корӣ бо Директори Агентӣ Шерхон Салимзода оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ аз маводи нашъаовар, воридшавии моддаҳои нави психоактивӣ, мубориза бо гуруҳҳои муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҳамчунин мубориза бо қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон минбад аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо масъалаи бастани созишномаи ҳамкориро муҳокима намуда, баимзорасонии онро барои рушди тавқияти ҳамкориҳои минбаъда ба мақсад мувофиқ донистанд.

Ҷаноби  Кабир Крис Перкин ба чораҳои андешида ва натиҷаҳои ба дастовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентӣ баҳои баланд дода, омодагии худро барои тавқияти ҳамкориҳои дуҷониба изҳор намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ