(Тоҷикӣ) Вохӯрии Директори Агентӣ бо Роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе

0
875

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 2-юми апрели соли 2019 Роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе Фейзо Нуманай ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо Директори Агентӣ  Шерхон Салимзода мулоқот анҷом дод.

Дар оғоз Директори Агентӣ ба Фейзо Нуманай дар бораи мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ,  ҳамчунин вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюлҳо ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоъ дод.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо байни Агентӣ ва Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Нақшаи чорабиниҳои муштарак байни Агентӣ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои соли 2019 ба имзо расонида шуд.

Дар доираи Нақшаи мазкур ба Агентӣ Дафтари барномавии САҲА дар ташкил ва баргузор намудани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла гузаронидани ҷаласаи васеъи Шӯрои ҳамоҳангсози оид ба пешгирии суйистеъмоли маводи нашъадор мусоидат хоҳад кард.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо миннатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти назорати маводи нашъаовар  бозҳам густариш хоҳанд дод.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ