(Тоҷикӣ) “Кохи нури Тоҷикистон”

0
394

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори мардуми шарафманди кишвари азизамон лаҳзаҳои беназири таърихи маросими ба кор даровардани агрегати дуюми  Неругоҳи барқи обии “Роғун”-ро, ки тариқи шабакаҳои телевизион мустақиман намоиш дода шуд, тамошо намуданд.

9 сентиябри  соли 2019 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устуворе барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати дуюми  Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар  мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд.

Қобили тазаккур аст, ки бунёд намуданди шоҳсутуни кохи бузурги меҳру муҳаббат,- иншооти бузурги аср Неругоҳи барқи обии “Роғун” дар натиҷаи дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ гаштааст.

Он фардое, ки гомҳояш бароямон бисёр сангин менамуд, шукри яздон бо ҷасорати  Пешвои  миллат имруз шуд. Ин воқеъияти миллат муборак бошад.

Бунёди иншооти сарнавиштсоз – Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки онро Пешвои миллат барҳақ “Кохи нури Тоҷикистон” ва “ҳаёту мамоти мардуми тоҷик” номидааст, барои ҳар як сокини кишвар шараф  ва боиси ифтихор аст.

“Роғун” имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд.

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ