(Тоҷикӣ) МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БО РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ СММ

0
491

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 11 октябри соли 2019 дарАгентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотиДиректориАгентӣ Шерхон Салимзода бо Роҳбари Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, баргузор гардид.

Зимни мулоқот масоили ҳамкориҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор гирифта,масъалаҳои зерин  баррасӣ гардиданд:

-вазъи назорати маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

-вазъи ҳамкориҳои дуҷониба байни Агентӣ ва намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ;

-расонидани мусоидати техникӣ дар самти мубориза бо маводи нашъаовар;

-таъсис додани гурӯҳҳои сайёри байниидоравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-мусоидат ба чопи маҷаллаи “Шарҳи вазъи маводи нашъадор дар Ҷумҳурии    Тоҷикистон дар соли 2019”, ташкил ва гузаронидани муаррифии он дар шаҳри Венаи Австрия.

Директори Агентӣ ба Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои расонидани кӯмаки амалӣ ва татбиқи барномаҳо дар самти назорати маводи нашъаовар арзи сипос намуда, оид ба вазъи назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот дод.

Дар нутқи ҷавобии худ, хонум Миттал ба Директори Агентӣ барои ҳамкории эътимоднок ва мустаҳкам намудани ҳамкории муштарак дар самти назорати маводи нашъаовар арзи сипос намуд.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ва Агентиро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳо тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ