(Тоҷикӣ) Мулоқоти Директори Агентӣ бо Роҳбари Намояндагии минтақавӣ UNODC

0
706

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 25 феврали соли ҷорӣ Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Намояндагии минтақавӣ UNODC дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Митталро ба ҳузур пазируфт.

Мақсад аз вохӯрии мазкур баррасии татбиқи Барномаи минтақавӣ барои давлатҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирифт. Дар вохӯрӣ Директори Агентӣ хонум Ашита Митталро бо ҷамъбасти вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 шинос намуд.

Инчунин дар вохӯрӣ масъалаи чопи маҷаллаи Шарҳи вазъи нашъамандӣ дар соли 2018, ки аз ҷониби раёсати мазкур маблағгузорӣ мегардад муҳокима гардид.

Ҳамзамон масъалаи чопи  маҷаллаи Шарҳи вазъи нашъамандӣ дар солҳои минбаъда (2019-2021) мабриди муҳокима қарор гирифт.

Ин аввалин сафари кории Роҳбари Намояндагии минтақавӣ UNODC дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал дар соли 2019 ба Агентӣ буд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ