(Тоҷикӣ) Омӯзиши нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар байни кормандони Агентӣ

0
356

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 17 январи соли 2020 дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Директори Агентӣ сардорони раёсату шуъбаҳо ва ҳайати шахсии Агентӣ ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 дарси васеи омӯзишӣ доир карда шуд.

Муовини сардори Ситоди Агентӣ Содатқадамов Ш., доир ба нуктаҳои асосии Паём баромад омода намуда, иброз доштанд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва рушди устувори иқтисодёт санади муҳим буда, иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҳар шаҳрванди кишвар, хусусан кормандони ҳифзи ҳуқуқ заҳмати софдилонаву шабонарӯзиро  тақозо менамояд. Иҷрои нишондодҳои Паём ҷиҳати ба як кишвари мутараққӣ ва рақобатпазир табдил ёфтани Тоҷикистони соҳибистиқлол қадами ҷиддӣ хоҳад буд. Сарвари давлат бо такя ба таҷрибаи бузурги роҳбарӣ тавонистанд, дар муддати ироаи Паём на танҳо аз муваффақиятҳо сухан дар миён биоваранд, балки камбудиву мушкилоти мавҷударо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ бозгӯ кунанд ва ҷиҳати ҳалли мушкилот пешниҳодоти муассир манзур созанд.

Бояд қайд намуд, ки дар ҷаласаи назоратии назди Директори Агентӣ, ки санаи 31 декабри соли 2019 баргузор гардид, ҳамаи кормандони Агентӣ вазифадор гардиданд, ки дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26.12.2019 бармеоянд, аз ҷониби тамоми кормандони Агентӣ, хусусан сардорони раёсату шуъбаҳо ба роҳбарӣ гирифта шуда, иҷрои саривақтӣ ва бечунучарои онҳо таъмин карда шавад. Инчунин аз ҷониби Директори Агентӣ супориш дода шуд, ки Паёми мазкур дар байни ҳайати шахсӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ҳамзамон корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ба роҳ монда шаванд.

Дар анҷоми ҷаласа Муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода қайд намуданд, ки дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури созандагию бунёдкорӣ ба кулли сокинони мамлакат маҳсуб ёфта, амалигардонии саривақтии нишондодҳои ин ҳуҷҷати барномавӣ ба рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд ва мо имрӯз вазифадорем, ки дар самти татбиқи бандҳои дахлдори он саҳми арзанда гузошта, аз ин роҳ масъулияти худро дар роҳи иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ таъмин намоем.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ