(Тоҷикӣ) Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
313

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлисии Олии кишвар иштирок намуданд.

Зимни ироаи Паём Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, дар баробари дигар масъалаҳои муҳим ҳамчунин қайд намуданд, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории фаъолияти созмонҳои экстремистиву террористӣ мебошад.

Ҳарчанд ки дар натиҷаи чораҳои андешидашуда солҳои охир қочоқи маводи мухаддир ба кишвар то андозае коҳиш ёфтааст, афзоиши воридоти дигар намудҳои маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон зарари бештар дорад, ба назар мерасад.

Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки мубориза бар зидди маводи мухаддир аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовар ва дигар сохтору мақомотҳои дахлдор пурзур карда шуда доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷиноятӣ, инчунин, дар таҳрири нав омода кардани қонуни зикршуда чораҷӯӣ намуда, корро ҷиҳати пешгирии воридоти маводи нашъаовари сунъӣ боз ҳам тақвият бахшанд.

Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъват менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ