(Тоҷикӣ) Ташрифи Мушовири махсуси Барномаи муштараки СММ оид ба бемориҳои ВНМО/БПМН дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ профессор Мишел Казачкин ба Агентӣ

0
122

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 03 июли 2019 муовини Директори Агентӣ генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Муртазо Ҳайдарзода бо профессор Мишел Казачкин–Мушовири махсуси Барномаи муштараки СММ оид ба бемориҳои ВНМО/БПМН (UNAIDS) дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, ки ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот доир намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вобастагии он бо паҳншавии бемориҳои ВНМО/БПМН, сил ва гепатит ва ҳамчунин мусоидати UNAIDS дар пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии бемориҳои ВНМО/БПМН, сил ва гепатит мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Дар рафти муҳокимаронӣ ҷонибҳо ба қарор омаданд, ки бояд дар  пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш дода, раванди пешгирии онро дар байни қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ дуруст ба роҳ монанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ