(Тоҷикӣ) Ташрифи Сафирони кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба Агентӣ

0
180

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 7 октябри соли ҷорӣ ҳайати сафирони кишварҳои ширкаткунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз сиёсати зиддимухаддиротии Ҷумҳарии Тоҷикистон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ташриф оварданд.

Директори Агентӣ Шерхон Салимзода ҳайати сафиронро оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳарии Тоҷикистон, вазъи назорати маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ва минтақа, фаъолият, раванду тамоюлҳои инкишофи он, фаъолият, дастовард ва нақшаҳои ояндаи Агентӣ шинос намуданд. Ҳайати сафирон Ҷумҳурии Тоҷикстонро ҳамчун кишваре, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муборизаи оштинопазир мебарад, муаррифӣ намуда, ҳамзамон ба фаъолияти Агентӣ баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин ҳайати сафирон таклифҳои Агентиро дар бораи пурзур намудани мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа муҳим арзёбӣ намуда, ҷонибдорӣ ва омодагии худро барои дастгирии Агентӣ ва амалӣ намудани ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ