(Тоҷикӣ) Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар Агентӣ

0
170

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил мегардад, санаи 04.10.2019 дар байни ҳайати шахсии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар рафтиҷаласаДиректори Агентӣ Шерхон Салимзода кормандонро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта қайд намуданд, ки забон асоси ҳастӣ ва бақои умри ҳар як миллат мебошад. Мо бояд забони модариро поку бегазанд нигоҳ дорем.

Ҳамчунин қайд намуданд, ки рушду ташаккули забони давлатӣ  дар замони Истиқлолият  аз омилҳои асосии  пешрафти илму фарҳанги кишвар ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ  дар тӯли ҳазорсолаҳо, новобаста ба гирудорҳои таърихӣ мақому манзалати худро  ҳифз намуда, дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ  маҳз бо талошҳо ва иқдомҳои наҷибонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон пайваста дар рушду такомул қарор дорад.

Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби кормандони Агентӣ оид ба паҳлуҳои гуногуни забони давлатӣ маърузаҳо ва дар васфи он шеърҳо қироат карда шуданд.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ