(Тоҷикӣ) Эълон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ

0
489

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

 

 

Роҳбарият

–Ёвари Директори Агентӣ

 

Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯӣ

–ваколатдори оперативӣ
–ваколатдори калони оперативӣ
–нозири шуъбаи кинология

 

Раёсати сайёри оперативӣ

–ваколатдори калони оперативӣ

–нозири шуъбаи таъиноти махсус -3 воҳид

 

Шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилӣ

–нозир

 

Шуъбаи тафтишот

–муфаттиши калон

 

Шуъбаи экспертизаи судӣ

–ташхисгари калон дар Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд
–ташхисгари калон дар Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

 

Шуъбаи оперативӣ-навбатдорӣ

–ёрдамчии навбатдор -2 воҳид

 

Шуъбаи молиявӣ-хоҷагӣ

–нозир

 

Шуъбаи байниноҳиявии Турсунзода

–ваколатдори калони оперативӣ

 

Шуъбаи байниноҳиявии Лахш

–ваколатдори калони оперативӣ

 

Раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

–ваколатдори калони оперативӣ
–ваколатдори оперативӣ -2 воҳид
–ваколатдори оперативӣ дар н.Мурғоб
–ваколатдори калони оперативӣ дар н.Ишкошим
–ваколатдори оперативӣ дар н.Дарвоз

 

Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон

–ваколатдори оперативӣ
–ваколатдори оперативӣ-кинолог
–нозири калони таҳлилгар
–ваколатдори калони оперативӣ дар ш.Кӯлоб
–нозири навбатдор-хоҷагидор дар н.Фархор

 

Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд

–ваколатдори калони оперативӣ
–ваколатдори оперативӣ -2 воҳид
–ёрдамчии навбатдори ТНМ ШОН

 

Шуъбаи байниноҳиявии Зарафшон

–муовини сардор

 

Шуъбаи шаҳри Истаравшан

–ваколатдори калони оперативӣ оид ба КММ

 

Тартиби гузаронидани озмун:

Озмун аз 3-давра иборат мебошад:

–қабул ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо;
–сӯҳбат бо номзадон (бо гирифтани санҷиши хаттӣ)
–санҷиши махсуси номзадон (комиссияи тиббӣ, тайёрии ҷисмонӣ, санҷиши ахлоқии шахсият).

 

Талабот нисбати довталабон:

–ҳуҷҷатҳои номзадон дар асоси вазифаҳои пешниҳодгардида вобаста ба           ихтисосашон қабул карда мешаванд (доштани маълумоти олии соҳавӣ ҳатмист);
–донистани забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад;
–ба шахсони дорои ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, инчунин ба номзадони дорои таҷрибаи корӣ дар соҳаи кофтукови ҷиноятӣ ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзалият дода мешавад;
–ба шахсоне, ки ду забони хориҷиро (русӣ, англисӣ) медонанд, бартарӣ дода мешавад.

 

Эзоҳ: Ариза ва ҳуҷҷатҳои номзадон ҷиҳати иштирок дар озмун аз 12 то 22 ноябри соли 2019 дар бинои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кучаи Н.Қарабоев 52 қабул карда мешаванд.
Ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунанда озмуни дохилиидоравӣ эълон карда мешавад.

Телефон барои тамос: 233 – 02 – 95

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ