Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Салимзода Шерхон Одина – генерал- полковники адлия. 01 январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ба дунё омадааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ, соли 1974 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро  соли 1979 бо музаффарият хатм намудааст. Фаъолияти хизматиашро моҳи сентябри соли 1974 дар иттҳодияи “Селхозхимия”-и вилояти Кулоб ба ҳайси маслиҳатчии ҳуқуқӣ оғоз намуда, аз соли 1982 то 1984 ба ҳайси Афсар-тарҷумони гуруҳи коркарди маълумотҳои кашшофии қисми ҳарбии почтаи саҳроии 71240 дар Ҷумҳурии Афғонистон бо музаффарият хизмати модар ватанро адо намудааст.

Солҳои 1984 то 1987 Ёрдамчии калони прокурори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба масъалаҳои кадрҳо ва   муфаттиши калони прокуратураи ҳамин вилоят фаъолият намудааст. Солҳои 1987-1990 Инструктори Кумитаи вилоятии Кӯҳистони Бадахшони Ҳизби Комунистии Тоҷикистон ва  аз соли 1990 Инстуктори шуъбаи давлатӣ-ҳуқуқи Кумитаи вилоятии Кулоби Ҳизби Комунистии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.Солҳои 1990-1991 ба вазифаи  Мудири шуъбаи давлатӣ-ҳуқуқи Кумитаи вилоятии Кулоби Ҳизби Комунистии Тоҷикистон ва аз соли  1991 Мушовири Кумитаи вилоятии Кулоби Ҳизби Комунистии Тоҷикистон шуда кору фаолият намудааст. Солҳои 1991-1993 Прокурори ноҳияи Шурободи вилояти Кулоб, солҳои 1993-1994 сардори шуъбаи кадрҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1994-1995  Прокурори ноҳияи Фрунзеи (Сино) шаҳри Душанбе, солҳои 1995-1998 Муовини Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1998-2002 вазифаи Прокурори шаҳри Душанберо ба ӯҳда дошт.  Соли 2002-2005 Вакил, аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ,  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон  ва солҳои  2005 то 2007 дар мансаби Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб шуда, кору фаолият кардааст. Солҳои 2007 то  2009  ҳамчун Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият намудааст. Соҳои 2009-2010 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ- намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият намудааст.

Солҳои 2010-2015 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2015-2016 Раиси федератсияи иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистонро ба зимма дошт.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02-юми феврали соли 2016 ба вазифаи директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то ин ҷониб адои вазифа намуда истодааст.

Оиладор соҳиби 5 фарзанд.

Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан Салимзода Шерхон Одина бо рутба ва мукофотҳои давлатии зерин сарфароз гардида шудааст.

  • Ордени “Шараф”;
  • Ордени “Хизмат ба Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дараҷаи 3”;
  • Ордени “Содружество”;
  • Ифтихорномаи Президиуми Шуроӣ Олии ИҶШС;
  • Корманди шоистаи (ҳуқуқшиноси хизматнишондодаи) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Мушовири ҳақиқии давлатии адлия,(Рутбаи прокурорӣ), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1345 аз 07.09.2012 сол.
  • Генерал-полковники адлия, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №1600 аз 01.09.2020 сол.
  • Мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (рутбаи хизматчии давлатӣ) Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №354 аз 18.12.2007 сол.