Санаи 14-уми январи соли 2021 Директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо (ММҲИОМ) муҳтарам Рустам Мирализода ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода бо Рустам Мирализода мулоқот намуда, оид ба вазъи маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳими фаъолияти Марказ, ба имзорасони Созишномаи мубодилаи маълумотҳои махфӣ, баргузор намудани озмун барои интихоби номзадон ҷиҳати таъин намудан ба вазифаҳои холӣ дар ММҲИОМ ва дигар масъалаҳои рузмара муҳокима намуданд.
Доир ба масъалаҳои муҳокимашуда Директори Агентӣ бори дигар мавқеи расмии кишварро дар бораи ҳал намудани мушкилоти дохилии Марказ, аз ҷумла баимзорасонии Созишнома оид ба табодул ва ҳифзи иттилооти махфӣ, ҷойивазкунии муовинони Директори ММҲИОМ ва маблағгузории фаъолияти минбаъдаи Марказ аз ҷониби давлатҳои аъзо ва баъдан баррасӣ намудани масъалаиҳои нави дигарро иброз доштанд.
Хотиррасон менамоем, ки Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо 22 марти соли 2009 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон таъсис ёфта, вазифаҳои асосии он аз ташкил, гузаронидан ва ҳамоҳангсозии амалиётҳои ҳамоҳангшудаи муштараки байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, ҳамчунин таъмини ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, ҳифз, таҳлил ва мубодилаи иттилоот дар бораи ҷиноятҳои фаромарзии марбут ба қочоқи маводи мухаддир иборат мебошад.