Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Зан осоиши хонадон

Санаи 5 уми март дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи модар ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.

Чорабиниро Директори  Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода оғоз намуда, бонувони Агентӣ ва дар симои онҳо модарону хоҳарони тоҷикро  табрику таҳният намуданд. Мавсуф иброз доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар баланд бардоштани мақому манзалати зан ва ҷалби онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ҳамчунин қайд намуданд, ки занону бонувони тоҷик бо меҳру садоқат ва гузашта аз ин, бо кору пайкори созанда, сабру таҳаммул, иффату порсоӣ ва заҳмати софдилона номи Зан – Модарро маҳбуби қалбҳо гардонидаанд.

Имрӯз занон дар баробари ба ҷой овардани рисолати модарӣ дар вазифаҳои роҳбарикунанда, таъмини суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон саҳми назаррас мегузоранд.

Дар чорабинӣ дигар кормандони Агентӣ дар васфи Зан – Модар баромад намуда, бо маърӯза ва шеърҳо бонувонро табрику шодбош гуфтанд.

Қайд карда шуд, ки бонувони афсар шоистаи таҳсин мебошанд, чун дар баробари анҷом додани вазифаҳои хизматӣ боз аз ӯҳдаи рисолати модарӣ, ҳамсарӣ, кадбонуӣ, инчунин дар кушодани ҷиноятҳо, боздошти ҷинояткорон, ҳалли якқатор мушкилотҳо ва таъмини субот дар ҷомеа саҳми бориз доранд.

Дар ҷамбасти чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ ва гулдастаҳои баҳорӣ қадрдонӣ карда шуданд.