Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мулоқоти Ҳабибулло Воҳидзода бо хонум Сита Фаррел

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло  Воҳидзода санаи 15 марти соли ҷорӣ бо Директори Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шаҳри Душанбе, хонум Сита Фаррел мулоқоти маҷозӣ  баргузор намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъдаро дар самти назорати маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамчунин рӯйхати пешниҳодҳои Агентӣ, ки ба Сафорат дар мавриди дарёфти кӯмакҳои ИМА ирсол гардида буд, баррасӣ карда шуд.

Дар хотима хонум Сита Фаррел оид ба имзорасонии санади ҳамкорӣ дар бораи гузаронидани курсҳои омӯзишӣ ва харидории таҷҳизоти махсус омодагии худро иброз намуд.