Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносон оид ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовари Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки барои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдор мебошанд, баргузор гардид

Дар доираи раёсати Тоҷикистон дар  Созмони ҳамкории Шанхай 18 марти соли 2021 ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносон оид ба фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи  нашъаовари Машварати роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви СҲШ, ки барои мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ваколатдор мебошанд, тариқи маҷозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа, Тоҷикистонро намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Гурӯҳи кории коршиносон рӯзномаи ҷаласаи мазкурро  барраси ва тасдиқ намуда, ҳамчунин оиди мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар масъалаҳои рӯзнома мубодилаи иттилоот намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур лоиҳаи Нақшаи корӣ (с.2021-2023) оид ба амалисозии Барномаи амал вобаста ба иҷрои Стратегияи зидди маводи нашъаовари давлатҳои – узви СҲШ барои солҳои 2018-2023 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин, бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи таъсис додани Маркази зидди маводи нашъовари СҲШ дар шаҳри Душанбе барраси гардид.

Инчунин, дар ҷаласаи мазкур иштирокчиён масъалаҳои рушду тақвияти ҳамкориҳои муштаракро дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар баррасӣ намуда, мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар хотима оид ба масъалаҳои муҳокимакардашуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуда,  дар протоколи ҷаласа дарҷ гардиданд.