Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Дар ВМКБ миқдори махсусан калони маводи нашъаовар мусодира карда шуд.

Дар замони имрӯза таҳдиду хатарҳои зиёде пешоррӯи ҷомеаро фаро гирифтааст. Яке аз ин хатарҳо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ мебошад, ки ниҳоят гуногунпаҳлӯ ва гуногунҷанба буда, тамоми паҳлуҳои ин мушкилот, ҳаҷм ва оқибати он, бешубҳа, барои саломатии аҳли ҷомеа хатарзо мебошад. Муомилоти ғайриқонуни маводи мухаддир- иқтидори иқтисодии ҷомеаро фалаҷ гардонда, ба вазъи нуфузи аҳолӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ халал ворид месозад.

Санаи 7 марти соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд Шодмонбекович соли таваллудаш 08.09.1982 зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ишкошим, ҷамоати деҳоти А.Замиров, деҳаи Даштро бо гумони даст доштан бо қочоқи маводи нашъадор дастгир намуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии шахсӣ аз борхалтаи полиэтиленӣ рангаш сафед, ки ба номбурда тааллуқ дошт 49 адад бастаҳои селофании скочпечи дар дохилашон маводи бӯи махсусдошта дарёфт карда шуд.

Ташхис муаян намуд, ки маводҳои мусодирашуда навъи нашъаовари “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 47кг 305гр ро ташкил дод.

Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки Мирзоев Маҳмуд бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсияти ба тафтишот номаълум бо номи Файз ва тахаллуси “Муаллим” миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро ғайриқонунӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба даст овардааст.

Амали ношоистаи Мирзоев Маҳмуд Шодмонбекович аз чашми кормандони Агентӣ дур намонда, номбурда бо ҷурми қочоқ ва муомилоти маводи мухаддир ба миқдори махсусан калон дастгир карда шуд, ки айни ҳол ба нисбати ӯ бо моддаҳои 200 қисми 4 банди “Д” ва 289 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

Вобаста ба ин нисбати шаҳрвандони ноҳияи Ишкошим Уталбеков Аъзам Ақризобекович истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти А.Замиров, деҳаи Дашт ва Аноятбеков Суҳроб Рустамбекович истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти А.Замиров, деҳаи Андароб бо сабаби огоҳӣ доштан аз кирдори шаҳрванд Мирзоев Маҳмуд оид ба хариду фуруши маводи нашъадор огоҳ буданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодан мутобиқи кодекси ҷиноятии ҶТ бо моддаи 347 қисми 1, яъне хабар надодан дар бораи ҷиноят ва пинҳон доштани ҷинояти номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурдагон ба ҳабс гирифта шудаанд ва тафтишоти пешакӣ идома дорад.